Рубрики Pressa

Дар Душанбе омӯзгор бо иттиҳоми кирдорҳои ғайриахлоқӣ дастгир шуд


Гурӯҳе аз ҷавондухтарон бо ирсоли муроҷиати электронӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муносибатҳои ғайриахлоқӣ ва рафтори берун аз этикаи касбии як нафар устоди забони англисӣ шикоят карданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино Улуғбек Алимурзаев, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дастгир гардид.

Тибқи маълумоти пешакӣ, номбурда тайи солҳои охир дар манзили истиқоматиаш ба таълими фардии (индивидуалии) забонҳои хориҷӣ машғул будааст.

Мақомот мегӯянд, ки айни ҳол нисбати ӯ бо гумони содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва ҷиноятӣ тафтишот идома дорад.

Гумонбар бошад, дар ҳабси пешакӣ қарор додорад.

Мақомоти милитсия аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ҳолати доштани маълумоти иловагӣ оид ба қазияи мазкур ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *