Рубрики Хабарҳо

Раҳмон зимнан Саудиро “мурабии ифротиёну террористон” номид

Яке аз масъалаҳои “доғ”-е, ки Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз он сӯъистифода мекунад, масъалаи “ифротгароёну террористон” аст. Муборизаи “беамон”-и Раҳмон ва режимаш бо “террористон” солҳост идома дорад ва ба назар мерасад то замоне ки дар сари қудрат бошаду кишвару созмонҳо барои ин “мубориза” пул пардохт кунанд, идома хоҳад кард. 

Бозори “мубориза бо терроризм” пас аз сентябри соли 2021, яъне омадани Толибон ба сари қудрат, авҷи бештар гирифт. Ҳамаи созмонҳои байнидавлативу байналмиллалӣ ба Осиёи Миёна, хусусан ба Тоҷикистон  чун кишвари ҳамсарҳади Афғонистон таваҷҷӯҳ карданд. 

Барои режими Раҳмон якбора фурсате пайдо шуд чанд нишонро бо як тир занад: фоидаи муфт ба даст орад, таваҷҷӯҳи аздастрафтаи Ғарбро дубора баргардонад, “обрӯву иззат”-и худро болотар барад ва ҳазорҳо нафар табаъаи дигарашро, ки камтарин ҷуръати эътирозро доранд бо баҳонаи “мубориза бо терроризм” ба зиндонҳо фиристад.

Ахиран, конфронси байналмиллалие бо унвони дабдабаноки “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, ба қавли худи президент “дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудй ва дигар шарикони байналмилалӣ” ташкил шуд.

Ҷои тааҷҷуб нест, ки Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ин конфронс иштирок ва онро онро дастгирӣ кунанд. Зеро ин созмонҳои бонуфуз аз як тараф дар бехатарии минтақа манфиатдоранду оромии онро мехоҳанд, аз тарафи дигар барои “мубориҳа бо терроризм” садҳо миллион буҷа дарёфт мекунанд.

Аз тарафи дигар, ҳамкорӣ ва иштироки Қатар низ дар конфронс тааҷҷубовар нест. Ба касе пинҳон нест, ки робитаҳои Қатар бо Толибон собиқаи чандинсола дорад ва Толибон ба садои ҳукумати Қатар гӯш меандозад. Бинобар ин, ҷалби Қатар ба ин конфронс мантиқӣ ва барои амалӣ кунонидани ҳадафҳои конфронс метавонад муфид бошад.

Вале иштироки Арабистони Саудӣ шояд ба назар мантиқӣ нанамояд, чун ин кишвар дар Осиёи Миёна чандон манфиате надорад, бо Толибон ҳам робитааш мушаххас нашудааст, бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳам нест. Вале Раҳмон ин кишварро дар қатори тарафҳое, ки конфронс дар “ҳамкорӣ” бо онҳо ташкил шудааст, зикр кард.

Аз суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон маълум шуд, Арабистони Саудӣ масъалаи аз ҳама муҳим барои Раҳмон, яъне маблағгузории ин конфронсро ба ӯҳда гирифтааст.

Ҳамзамон, агарчи дар оғози сухани худ Раҳмон Арабистони Саудиро барои “ҳамкорӣ”, яъне пардохтани ҳазинаи чандмиллионаи конфронс ва каме “чойпулӣ” барои кишвари мизбон тавсиф карда бошад ҳам, дар идомаи сухани худ ин кишвари маблағгузорро ба омода кардани террористону ифротгароён муттаҳам намуд.

Тавре хадамоти матуботии президент хабар медиҳад, Раҳмон дар конфронс гуфт:

“Ҳамчунин зиёда аз панҷ ҳазор донишҷӯёни тоҷик бо мақсади пешгирӣ аз ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ аз муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонида шуданд.”

Раҳмон медонад, ки донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ таҳсил мекарданд ва ба кишвар баргардонида шуданд, аксаран дар Миср, Арабистони Саудӣ (!) ва Эрон таҳсил мекарданд!

Бо ибораи дигар, Раҳмон ба Арабистони Саудӣ гӯшзад мекунад, ки “мо донишҷӯёнамонро аз кишвари шумо овардем, то шумо онҳоро террорист ва ифротгаро тарбия накунед!”

Раҳмон, ва ё аниқтараш касоне, ки суханронии ӯро омода кардаанд, хеле хуб медонанд, ки намояндаи Арабистони Саудӣ дар сари ин миз нишастааст ва суханони ӯро мешунавад.

Арабистони Саудӣ ё сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ба ин иттиҳоми раисҷумҳури Тоҷикистон вокнише доштаанд ё на, маълум нест

Нуқтаи ҷолиби дигар суханони раисҷумҳур ин аст, ки донишҷӯён “баргардонида шуданд”. Агар касе гумон карда, ки Тоҷикистон мисли кишварҳои дигар, барои овардани шаҳравндони худ махсус ҳавопаймо фиристода, онҳоро аз ҳисоби давлат баргардонида бошад, хато мекунед. Мақомоти Тоҷикистон на танҳо ҳавопаймои бепул ташкил накардааст ва ҳамаи донишҷӯён аз ҳисоби худ баргаштаанд, балки ҳамаи баргаштагон аз дасти кормандони амният ё “шашум отдел” — яъне Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД гузашта, бо онҳо “сӯҳбат” анҷом шуда, баъзеҳо бо додани пораҳои ҳангуфт ҷони худро халос карданд ва баъзеи дигар бо иттиҳоми “террорист ва ифротгаро” равонаи зиндон гаштанд.

Тавре манобеи Паём хабар доданд, “шикор”-и донишҷӯён аз тарафи сафорату мақомоти амниятии тоҷик дар Арабистони Саудӣ то ҳол идома дорад. Донишҷӯён шикоят карданд, ки кормандони сафорат ба онҳо занг зада, онҳоро барои “сӯҳбат” ба сафорат даъват мекунанд. Ҳамсӯҳбати Паём гуфт, ки ӯ то ҳол бо ҳар баҳона аз рафтан ба сафорат худдорӣ мекунад, зеро намедонад он ҷо ӯро чӣ интизор аст.

Ҳамчунин ҳамсӯҳбати Паём гуфт, ки баъзе ҳамсабақонаш аз Тоҷикистон таҳдидҳое дарёфт мекунанд. Одатан кормандони мақомоти амниятӣ бо хонаводаҳои онҳо ҳамсӯҳбат шуда, пешниҳод мекунанд, ки фарзандашон аз Саудӣ баргардад, тавба кунаду “авф” шавад. Агар донишҷӯ розӣ нашавад, сипас ба таҳдид мегузаранд, ки “оварда махкам мекунем”.

Қаблан режими Раҳмон дар асоси Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ҳам ҷомеаи шаҳрвандии бе ин ҳам заифу маъюбшудро саркӯб кардаву ҳам аз ҳисоби диндорону донишҷӯён миллионҳо доллар дар шакли пора муфт соҳиб шуда буд.

Ҳоло бо дубора доғ шудани бозори “мубориза бо терроризм” ин режим чӣ нақшаҳои дигаре дар сар дорад,  маълум нест.

Раҳмон дар сухани худ таъкид кард, ки  “мавҷудияти ба истилоҳ “гурӯҳҳои хуфта”-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа маҳсуб меёбанд”.

Ба назар мерасад, акнун мақомот дар ҷустуҷӯи  “гурӯҳҳои хуфта”-и ифротиву террористии байналмилалӣ мешаванд ва садҳо ҷавони дигари тоҷик бо иттиҳомҳои сохта ба зиндонҳо фиристода мешаванд.

Бархе манобеъ аз авфи қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон хабар медиҳанд. Зоҳиран Раҳмон нақшаи пур кардани ҷойҳои холимешудаи зиндонро кашидааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *