Маркази миллии тестӣ эълон кард, ки натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ рӯзи 25 июл нашр хоҳанд шуд. Ба довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ роҳ ёфтаанд, тавассути СМС хабар дода мешавад.
Марказ ҳушдор медиҳад, ки агар телефони мобилӣ хомӯш бошад, паём расонида намешавад.
Натиҷаҳои муфассал дар ҳисоби шахсии довталабон дастрасанд.
Инчунин 13 июл дар 24 маркази имтиҳонӣ даври дуюми ИМД – қисмҳои А ва Б оғоз гардид. Дар ин давр 7313 довталаб иштирок карданд, ки баъзеашон дар даври асосӣ иштирок накарда буданд.
Эълони натиҷаҳои даври дуюм рӯзи 21 июл ба нақша гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube