Рубрики Хабарҳо

ИА ба таҳқиқи билофосилаи раъйпурсӣ дар Русия даъват кард

Иттиҳоди Аврупо аз Русия хост, ки гузоришу шикоятҳо аз қонуншиканӣ ва тақаллубро дар рафти назархоҳии умумӣ мавриди санҷиш қарор диҳад. Яке аз тағйирҳои асосии Конситутсияи Русия муҳлати президентии Владимир Путинро то соли 2036 дароз мекунад.

Рӯзи 2-юми июл Кремл аз натиҷаҳои овоздиҳӣ, ки бо 78 дарсад раъйи тарафдори тағйирот анҷомид, истиқбол намуд. Кремл ин ҳодисаро ҳамчун «референдуми эътимод ба президент Владимир Путин» ситоиш кард.

Вале гузоришҳо аз роҳ ёфтани тақаллуб дар нуқтаҳои овоздиҳӣ ва азияти фаъолону журналистоне, ки барои назорати ин ҷараён ҷалб шуданд, боиси даъвати Иттиҳоди Аврупо ба таҳқиқи билофосила шуд.

Петер Станов, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо гуфт, «мо дар бораи гузоришҳо аз тақаллуб дар ҷараёни овоздиҳӣ огаҳ ҳастем, аз ҷумла дар бораи ба овоздиҳӣ маҷбур кардан, овоздиҳии дубора, нақзи рози овоздиҳӣ ва иттиҳоми ин ки полис зидди як журналист, ки барои назорат рафта буд, хушунатро раво дид.» Ӯ гуфт, ин созмон интизор аст, ки ин ҳама хабарҳо таҳқиқ шаванд.

Кремл гуфтааст, тағйири конститутсия барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле, ки мунаққидони Путин мегӯянд, ҳадафи асосӣ тамдиди қудрати Путини 67-сола мебошад. Овоздиҳандагон танҳо бояд ба як савол ҷавоб медоданд, ки ҷонибдор ё мухолифи тағйирот ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *