Рубрики Хабарҳо

Дар ИМА интихоботи раёсатҷумҳурӣ шурӯъ шуд

Имрӯз дар Амрико  интихоботи президентӣ шурӯъ шуд.  Дар интихоботи президентии ИМА,  Бино ба гузориши CNN дар шаҳри хурди Амрико Диксвилл Нотч (Ню-Ҳемпшир) натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботӣ ҷамъбаст карда шуданд.

Номзади демократҳо, собиқ ноиби президенти ИМА Ҷо Байден ҳамаи панҷ раъйро ба даст овард. Диксвилл Нотч яке аз аввалин шаҳрҳои Иёлоти Муттаҳида гардид, ки натиҷаҳои раъйдиҳиро ҷамъбаст кард. Қитъаи овоздиҳӣ дар ин шаҳр пас аз нисфи шаб кушода шуд. Ҳар касе, ки ҳаққи раъй дошт, дар тӯли якчанд дақиқа раъй дод.

Дар шаҳри ҳамсоя Миллсфилд, ки дар он нуқтаҳои раъй низ дар нимашаб кушода шуданд, номзади ҷумҳурихоҳон, президенти барҳоли ИМА Доналд Трамп пирӯз шуд. 16 интихобкунанда ба ӯ, панҷ нафар ба Байден овоз доданд.

Тавре ки CNN мегӯяд, Диксвилл Нотч ҳамеша диққати рӯзноманигоронро ҷалб мекунад, аммо натиҷаҳои интихобот дар шаҳр одатан имкон намедиҳанд, ки президенти ояндаи ИМА муайян шавад. Тавре соли 2016 Ҳиллари Клинтон дар ин шаҳр пирӯз шуд, аммо коллеҷи интихоботӣ пирӯзиро ба Трамп дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *