Рубрики Хабарҳо

Намоиши филми “Хаёлфурӯш” дар Душанбе

14-уми ноябр намоиши филми “Хаёлфурӯш” дар кинотеари “Наврӯз” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Бино ба иттилои “ТоҷикТА”, филми кӯтоҳи “Хаёлфурӯш” дар арафаи 25-солагии муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон дар пойтахт ба намоиш гузошта мешавад.

Филми “Хаёлфурӯш” бо маблағгузории сафорати Ҳиндустон дар Душанбе тавассути киностудия “Марудхар АРТС”-и Ҳиндустон ва “Тоҷикфилм”-и Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст.

Сенориёи ин филм дар таҳияи журналист ва шоир Салими Зарафшонфар аз рӯи асари Робинронад Такур  навишта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *