Рубрики Хабарҳо

Муноқиша дар сарҳади Ӯзбекистону Қирғизистон

Дар қисмати сарҳади Қирғизистону Узбекистон дар минтақаи обанбори Керкидан миёни сокинони маҳаллӣ ва артиши Узбекистон муноқиша рух додаст.

Тавре сомонаи Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад,  намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Узбекистон, ба кашидани симхори сарҳад шурӯъ карданд. Аммо ин иқдоми низомиёни узбек боиси норизогии сокинони наздимарзии Қирғизистон шуд, ки дар натиҷа миёни ду ҷониб муноқиша бархост.

Низомиёни Узбекистон мегӯянд, онҳо дар маконе хостанд симхор гузоранд, ки пас аз созишномаи дуҷониби ба ҳудуди кишварашон дохил мешуд.

Аммо сокинони қирғиз бар инанд, ки макони мазкур то ҳол аломатгузорӣ нашудаст ва онро набояд ҷонибе ба мансубияти кишвари худ шомил кунад.

Зимнан гуфта мешавад, ки пас аз сар задани задухӯрд миёни низомиён ва афроди мулкӣ ба макони даргирӣ ҳокими ноҳияи Араван Қурбонбек Айтибеков ҳозир шуд.

Хабар дода мешавад, ки мақомоти амниятӣ миёни сокинони ҳар ду тараф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, таҷаммӯъи мардумро пароканда намуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *