Рубрики Ozodi

мансабдорон баъди нафақа ба ҳаҷ раванд



Мақомоти тоҷик ба таври расмӣ ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз Тоҷикистон тасдиқ карданд ва сабабҳои онро шарҳ доданд. Дар рӯзҳои ахир мавзӯи ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ аз Тоҷикистон, дар расонаҳо сару садоеро ба миён оварда буд.

Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19 июл бо нашри як изҳорот, ки хабаргузории давлатии «Ховар» онро нашр кард, гуфт, муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо «ғайриқонунӣ» вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо «низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд».

Ба гуфтаи манбаъ, санҷишҳо маълум кардаанд, ки «ин афрод дар ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари севум, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунини маводи мухаддир», даст доштаанд.

Аммо Нерӯҳои марзбонӣ ҳеч далел ё омореро дар ин бора зикр накардааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки берун кардани шумори муайяни шаҳрвандони Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон, дар ҳамин чорчӯба сурат мегирад.

Дар изҳороти мақомоти тоҷик гуфта нашудааст, ки чӣ миқдор аз паноҳандагони афғонистониро тайи рӯзҳои ахир ба кишварашон баргардондаанд.

Тасдиқ ва таъйиди гуфтаҳои мақомоти тоҷик аз манбаъҳои мустақил ғайри имкон аст.

Ҳафтаи гузашта чанд расонаи маҳаллии Афғонистон бо истинод ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони афғонистонӣ 15 рӯз муҳлат додаанд, то кишварро тарк кунанд.

Давоми ҳафтаи ҷорӣ дар расонаҳо наворҳое нашр шуд, ки эҳтимолан ба таври маҷбурӣ ба микроавтобусҳо бор кардани паноҳҷӯёни афғонистонии муқими Тоҷикистонро нишон медод.

Рӯзи 17 июл шуморе аз муҳоҷирони афғон дар шаҳри Ваҳдат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки «се автобуси навъи «Газел» омада даҳҳо нафар, аз ҷумла занону кӯдакон ва мардонро» бурданд.

Ҳамсояҳои тоҷики онҳо ҳам тасдиқ карданд, ки шоҳиди бурда шудани шуморе аз муҳоҷирон буданд ва баъди ин бисёре аз паноҳҷӯёни дигар талош мекунанд дар хона ва ё ҷойҳои амни дигар паноҳ ёбанд ва берун набароянд, чун аз боздошту баргаштан ба Афғонистон ҳарос доранд.

Ин муҳоҷирони афғон мегӯянд, ки бо виза ва ба таври қонунӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд ва дар ниҳодҳои кор бо паноҳандагон сабти ном ҳастанд.

Дар гузашта Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки паноҳҷӯёни афғонистониро ихроҷ накунанд, зеро эҳтимол дорад дар кишварашон бо озору азият рӯбарӯ шаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон 9 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки аз тарси «Толибон» ба Тоҷикистон фирор кардаанд.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *