Рубрики Хабарҳо

Дурӯғи дигари ҳукумати Суғд: корхонаи истеҳсоли равғани Конибодом ба кор медарояд

Мақомоти Суғд иддао доранд ба барқарорсозии корхонаи истеҳсоли равғани шаҳри Конибодом, дар гузашта яке аз бузургтарин корхонаҳои равғанистеҳсолкунӣ дар шимоли Тоҷикистонро шурӯъ кардаанд.  Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар додааст, ки “соҳибкорон бо шарикони хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, тасмим гирифтаанд, ки корхонаро дубора ба кор дароранд”. 

Дар ҳамин ҳол, дар хабар таъкид мешавад ин тасмим “тибқи дастуру супоришҳои” раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст. 

Гуфтанист, раисҷумҳур дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти маҳҳаллӣ супориш дода буд иқтидори пешинаи корхонаҳои истеҳсоли равғани шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро баркарор намоянд.  

Албатта бисёр кам воқеъ мешавад, ки ин гуна супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон иҷро шаванд. Ӯ ҳар сол даҳҳо ин гуна “дастуру супоришҳои мушаххас” содир мекунад ва аксари онҳо дар ҳамон толори садододаашон боқӣ мемонанд. Ҳади аксари иҷрои ин дастурҳо ин аст, ки мақомот барои чанд рӯз эълони шурӯъи иҷрои онро мекунанду сипас масъала фаромӯш мешавад.

Зоҳиран дар иҷрои “супориши мушаххаси” навбатии “пешво” ҳам ҳамин роҳ пеш гирифта шудааст. Танҳо таваҷҷӯҳ ба як ҷумлаи хабари Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кофист, ки ба дурӯғ ва саҳнасозӣ будани ин “иҷрои супориш” итминон ҳосил шавад: “соҳибкорон бо шарикони хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, тасмим гирифтаанд, ки корхонаро дубора ба кор дароранд”. 

Ҳамагӣ баъди 1 моҳи  “дастуру супоришҳои мушаххас”! Дар асл, дар як моҳ пайдо кардани соҳибкоре, ки бозсозии ин корхонаи кайҳо талаву тороҷшударо ба дӯш гирад, тақрибан ғайриимкон аст, чӣ расад ба ҷалби сармоягузорони хориҷиву бастани шартнома барои шурӯъи кор.

Роҳандозии ин корхонаи бузург миллионҳо доллар сармоя мехоҳад ва ҳеҷ соҳибкоре аблаҳ нест, ки танҳо ба хотири иҷрои дастури “пешвои муаззам” бидуни истиҳолаву омӯзишу ҳисобу китоб ба бозсозии он шурӯъ кунад. Ҳатман то судури дастури “пешво” ҳам, даҳҳо соҳибкор ин идея ба сарашон омада ва вазъ корхонаву имкони бозсозии он ва пеш аз ҳама имкони гирифтани даромад аз онро омӯхтаанд. Ва чун то ин замон ҳеҷ соҳибкоре ба он таваҷҷуҳ накардааст, пас фоидаовар нест. 

Ҳатто агар тахсин зада шавад, ки баъди судури дастури раисҷумҳур мақомоти вилояти Суғд оҷилан ба он пардохта соҳибкоронро бо кадом имтиёзе ба бозсозии корхонаҳои истеҳсоли равғани шаҳри Конибодом ҷалб кардаанд, имкон надорад, ки соҳибкоре дар ин муддати кӯтоҳ ин корро ба дӯш гирифта бошад. Чун танҳо омӯзиши имконот ва ҳисобу китоби масрафи барқарорсозии он моҳҳо вақт мехоҳад.

Агар фарз шавад, ки кадом соҳибкори аблаҳе пайдо шуд (ки тақрибан ғайриимкон аст) ва розӣ шуд чанд миллион долларашро бидуни ҳисобу китоб барои дастури “пешво” масраф кунад, қисми дигари ин ҷумла ғайриимкон аст. Яъне ин ки ҳукумтаи Суғд мегӯяд соҳибкорони маҳаллӣ “бо шарикони хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида”-анд дурӯғи шохдор аст.  

Имкони пайдо кардани соҳибкоре дар Тоҷикистон, ки бо дастури “пешво” чанд миллионашро ба ҳаво партояд шояд вуҷуд дошта бошад. Мардум садҳо ин ҳолатро шоҳид будаанд, ки соҳибкоронро мачбур ба анҷоми “бизнес”-е мекунанд, ки онҳо намехоҳанд. Ҳарчанд ин асосан бизнесҳои кӯчак ва гоҳе миёнаанд, мешавад фарз крад, ки як соҳибкоре ҳам пайдо шуда, ки бизнеси калоне мисли бозсозии корхонаи равғани Конибодом ба дӯш гирифтааст. Аммо сармоягузори хориҷӣ аввал ин ки пеш аз гузоштани сармоя ба ҷое онро моҳҳову солҳо меомӯзад, сониян бо “дастуру супоришҳои пешвои муаззами тоҷикон” коре надорад. 

Дирӯз ҳукумати Суғд дурӯғи шохдори дигаре нашр карда, иддао карда буд, ки дар анбору сардхонаҳои ин вилоят 135 ҳазору 375 тонна картошка, 21 ҳазору 760 тонна пиёз, 6 ҳазору 739 тонна сабзӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст. 

Паём ҳисоб кард, ки ин миқдор картошкаи захирашудаи Суғд барои 2,5 миллион аҳолии вилоят барои беш аз 5 моҳ кофист. Агар мақомот рост гуфтаанд, пас барои он ки захираҳо пӯсида нараванд, аз худи имрӯз дар тамоми бозорҳои вилоят бояд танҳо картошкаи захиракардаи Раҷаббой Аҳмадзода фурӯхта шаванд.

Имрӯз мақомоти зертобеъи Аҳмадзода дурӯғи шохдори дигаре нашр карда аз тасмими бозсозии корхонаи равғанбароии Конибодом бо ширкати хориҷиён мегӯянд. Албатта кам касе дар Тоҷикистон боқӣ монда, ки ба дурӯғҳои мақомот бовар кунад, чун онҳо 30 сол шуд такрор мешаванд. Аммо худи ин ки мақомот ин дурӯғҳоро “истеҳсол” мекунанд, пас маълум мешавад ҳанӯз харидори дурӯғ боқӣ мондааст. 

“Пешво” дар паёмаш ба гуфтаи “Ховар” “тазаккур дода”, ки ҳоло талаботи бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст. 

«Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад», — таъкид кардааст раисҷумҳур.

Албатта “дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида” ин ҳаҷм таъмин мешавад, аммо ҳамон гуна, ки дар 30 соли ҳукумати Раҳмон ба фаъолият оғоз накарданд, агар 30 соли дигар ҳам ҳукуматаш идома кунад, оғоз нахоҳанд кард. 

Ҳоло дар кишвар маъракаи нишастҳои матбуотӣ оғоз шуда, ки мақомот байни ҳам дар дурӯғу афсонабофӣ мусобиқа мекунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *