Вазири дифоъи Русия гуфт, ки пас аз эъломи басиҷи нисбӣ тавассути Владимир Путин, беш аз 200 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба нерӯҳои низомӣ пайвастаанд.
Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия пас аз нишаст бо фармондеҳони низомии ин кишвар дар бораи омори марбут ба сарбозгирӣ пас аз эъломи вазъияти басиҷи нисбӣ, гуфт: то имрӯз беш аз 200 ҳазор нафар ба нерӯҳои низомӣ пайвастаанд.
Шойгу бо баёни ин ки шуморе аз ин теъдоди низомии ҷадидро довталабон ташкил медиҳанд, аз оғози раванди омӯзиши низомии ин афрод дар 80 майдони тир ва 6 маркази низомӣ дар саросар Русия хабар дод.
Вай дар бахши дигаре аз суханони худ афзуд: ин низомиён пас аз итмоми омӯзишҳои лозим бояд ба майдони ҷанг фиристода шаванд.
Вазири дифоъи Русия ҳамчунин бо таъкид бар ин ки раванди басиҷи низомӣ бояд ба сурати контролшуда мудирият шавад, идома дод: раванди сарбозгирии иҷборӣ дар Русия аз моҳи ноябр оғоз хоҳад шуд ва 120 ҳазор нафар ба сарбозӣ фарохонда хоҳанд шуд. Ин афрод дар ягонҳое, ки дар амалиёти вижа (Укроин) ҳузур надоранд, ҷазб хоҳанд шуд.
Гуфтанист, Владимир Путин раисҷумҳури Русия 21 сентябри гузашта вазъияти басиҷи нисбии низомӣ эълом кард.
Вазири дифоъи Русия пештар эълом карда буд, ки дар чорчуби басиҷи нисбии низомӣ, маҷмӯъан 300 ҳазор тан ба сарбозӣ фарохонда хоҳанд шуд.