Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон аз “амалишавии босуръати барномаи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ” лоф мезанад, тибқи эътирофи Бонки миллии кишвар, 60 дарсади маҳсулоти сабади истеъмолиро маҳсулоти воридотӣ ташкил медиҳад.
Дар “Дурнамои сиёсати пулию қарзии ҶТ барои соли 2023”, ки Бонки миллии Тоҷикистон омода кардааст, як қатор омилҳоеро муайян шудаанд, ки дар соли 2023 метавонанд ба болоравии назарраси нарху тарифҳои истеъмолӣ боис гарданд.
Дар ҳамин ҳол, дар дурнамо зимнан эътироф шудааст, ки ҳукумат дар муқобила бо ин раванд ё пешгирии он комилан дасткӯтоҳ аст. Муаллифон гуфтаанд “ин омилҳо асосан аз ҳисоби таконҳои берунӣ — болоравии нархи ҷаҳонии молҳои хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ ба вуҷуд меоянд”. Ва чун ҳиссаи асосии молу маҳсулот ба бозори Тоҷикистон аз хориҷа ворид мешавад: “дар як вақт маҳсулоти воридотӣ дар сабади истеъмолӣ ҳудуди 60%-ро ташкил медиҳад”. Яъне ҳатто дар сурати доштани хоҳиш ҳам, мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ коре дар муқобили болоравии нархи маҳсулот карда наметавонанд.
На камтар аз 25 соли ҳукумати 30-солааш Эмомалӣ Раҳмон дар қатори барномаҳои стратегии кишвар мисли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳифзи амнияти озуқавориро ҳам (ки дар асл бояд расидан ба амнияти озуқаворӣ ном мегирифт) зикр мекунад ва дар ҳар паёмаш ба парлумони ҳар маҷлиси ҳукумат ба масъулин “супоришу дастуроти мушаххасу қатъӣ” медиҳад, ки дар татбиқи ин барномаҳо саҳлангорӣ накунанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои аслии ҳифзи ё аниқтараш расидан ба амнияти озуқаворӣ ин аст, ки маҳсулоти ҷойгирифта дар сабади истеъмолӣ пурра дар дохили кишвар истеҳсол карда шаванд то ба қавли худи мақомот “омилҳои берунӣ” ба амнияти озуқаворӣ таҳдид накунанд. Аммо бо гузашти ҳади ақал 25 сол аз аввалин эълони ҳифзи амнияти истеъмолӣ, ки “стратегӣ” ҳам хонда шуд, вазъи амнияти озуқаворӣ на танҳо беҳтар нашуда, балки бамаротиб бадтар шудааст. Зеро дар авохири замони Шӯравӣ ва авоили замони истиқлолият, ҳудуди 70 дарсади маҳсулоти сабади истеъмолӣ дар дохили истеҳсол ва танҳо 30 дарсад аз берун ворид карда мешуд. Ҳоло саҳми воридот дар сабади истеъмолӣ ду баробар шудааст! Яъне амнияти озуқавории кишвар дар замони ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои “стратегии” ӯ ду маротиба заъифтар ва сабабди истеъмолӣ ҳам ба ҳамин миқдор аз воридот вобастатар шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки номгӯи маҳсулот дар сабади истеъмолии Тоҷикистон бамаротиб, ҳадди ақал даҳ маротиба камтар аз ҳамин номгӯ дар сабадҳои истеъмолии кишварҳои пешрафта аст. Ин ҳам қисми асосси он номгӯ:
1. Орд (навъҳои 1 ва 2-юм) (қисман воридот мешавад)
2. Маснуоти нон (аз орди навъи 1 ва 2-юм)
3. Маснуоти макарон (асосан воридот мешавад)
4. Гандум (асосан воридот мешавад)
5. Биринҷ (шолӣ) (асосан воридот мешавад)
6. Картошка (қисман воридот мешавад)
7. Сабзавот (сабзӣ, пиёз, карам — қисман воридот мешавад)
8. Қанд ва шакар (пурра воридот мешавад)
9. Равғани растанӣ (пахта, офтобпараст) ва равғани маска (асосан воридот мешавад)
10. Маҳсулоти ширӣ (шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог — қисман воридот мешавад)
11. Наск, нахӯд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав (қариб пурра воридот мешавад)
12. Гӯшт (гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ) (қисман воридот мешавад)
13. Тухми мурғ
14. Намак
15. Чой (кабуд ва сиёҳ) (пурра воридот мешавад)
16. Ғизои кӯдакона (пурра воридот мешавад)
17. Сӯзишворӣ (бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ) (пурра воридот мешавад)
18. Маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ (қариб пурра воридот мешавад)
19. Нуриҳои минералӣ (қариб пурра воридот мешавад)
Яке аз пояҳои асосии амнияти озуқаворӣ ин аст, ки маҳсулоти воридшуда дар сабади истеъмолӣ пурра ё ҳадди ақал қисми асосии он дар дохили кишвар истеҳсол шаванд ва тамоми шароит барои нигаҳдории онҳо дар ҳаҷме, ки тавонад барои ҳади ақал се моҳ аҳолии кишварро таъмин кунад, муҳайё бошад. Аммо дар Тоҷикистон на истеҳсол таъмин шудааст ва на шароити нигоҳдорӣ вуҷду дорад.
Дар ҳоле, ки истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар замони ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон ду баробар камтар шудааст шароити нигаҳдории ин маҳсулот низ на камтар аз ду маротиба бадтар гаштааст. Тамоми амборҳои махсусе, ки замони Шӯравӣ барои ҳамин мақсад сохта шуда ва фаъол буданд, фурӯхта ва валангор шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон аз замони пахши филми эронии “Ҳазрати Юсуф” дар соли 2010, яъне давоми 12 соли охир, ҳар сол ҷанд маротиба аз мардум талаб мекунад захираи дусолаи озуқавориро дошта бошанд ва ба мақомот супориш медиҳад дар ин кор мусоидат намоянд. Фармонҳои захираи дусолаи ӯ, ки боиси пайдо шудани садҳо латифа шудаанд, соли гузашта вориди марҳалаи нав гаштанд: “Юсуф”-и худхонда аз мақомот талаб кард хонаҳои мардумро тафтиш кунанд, ки оё захираи дусолаи озуқавориро доранд ё на.
Ин талаби ӯ аз мардуми кишвараш дар ҳолест, ки аз як тараф таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ вазифаи ҷонии давлат аст, аз тарафи дигар 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон имкони захира кардани маҳсулоти озуқаворӣ барои 2 моҳро надоранд, чӣ расад ба 2 сол. Аз тарафи дигар нигаҳдории захираи озуқаворӣ анборҳои махсусро мехоҳад, ки 90 дарсади мардум имкони онро надоранд. Барои мисол чи гуна ва дар куҷо аҳолии шаҳр метавонад захираи озуқавории дусоларо нигоҳ дорад, суолест, ки 12 сол аст садо медиҳад ва “ҳазрати Юсуф” посухе ба он надодааст.
Эмомалӣ Раҳмон ин одатро дорад, ки тамоми масъулияти давлатро ба дӯши мардум ва соҳибкорон гузорад. Аз ҷумла дар замони ҳукмронии ӯ 90 дарсади мактабҳо, боғчаҳои бачагон, бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳатто беморхонаҳо, биноҳои маъмурии мақомоти давлатӣ, маконҳои тафреҳӣ аз ҷониби соҳибкорон ва мардуми сохта шудаанд ва ҳатто таъмири роҳҳо ба дӯши худи мардум аст.
Дар ҳамин ҳол аз буҷаи давлатӣ барои мақосиди номбаршуда солона садҳо миллион доллар ҷудо мегарданд ва аз ҷониби ширкатҳои вобаста ба аъзои хонаводаи ӯ ғорат мешаванд.
Бизнеси Оила манфиъатдори амнияти озуқаворӣ нест
Яке аз сабабҳои асосии бадтар шудани вазъи амнияти озуқаворӣ дар кишвар ба манфиати бизнеси хонаводаи раисҷумҳур набудани ин барнома аст. Ва бинобар ҳамин бархӯрди манфиъатҳо вазъ сол то сол бадтар мешавад.
Воқеъият ин ҷост, ки воридоти тамоми маҳсулоти озуқаворӣ, нафтӣ ва дигар маҳсулоти зарурияти аввала аз тарафи аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон монополия шудааст. Воридоти орду гандумро як духтари ӯ, равғанро духтари дигараш, биринҷу маҳсулоти гӯштиро духтари савум, маҳсулоти нафтиро духтари чаҳорум ва ғайра контрол мекунанд ва тамоми ин соҳаҳоро байни ҳам “дӯстона” тақсим кардаанд. Албатта гоҳе байни онҳо рақобат ва ҷангу хархаша рух медиҳад, аммо бо дахолати “бонуии кишвар” яъне модарашон Азизамоҳ Асадуллозода “дар ҷояш” ҳал мешавад.
Гоҳе афроди қудратгирандаи хонавода метавонанд қисме аз монополияи хоҳарони худро забт кунанд. барои мисол соли 2017 Рустами Эмомалӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе”-ро ташкил дод. Ин корхона аз ҷониби парлумон аз пардохти андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд. Дар асл ин корхона танҳо бо ном давлатист ва гӯё ҳадафаш таъмини аҳолии Душанбе бо маҳсулоти арзони хӯрокист. Дар асл яке аз бизнесҳои сердаромади Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур ва шаҳрдори пойтахт аст, ки маҳсулоти хӯрокиро бо номи он ва бидуни пардохту боҷу молиёт ворид мекунад ва фоидаи ҳангуфт мегирад.
Мисоли дақиқ ва охирини контроли мутлақи Оила бар воридоти маҳсолти ниёзи аввал ин аст, ки вақте сарҳадҳои Узбекистон боз шуданд, бозорҳои Тоҷикистон чанд ҳафта пул аз маҳсулоти хӯрокии арзон сар аз орду биринҷу равған то гӯшту тухму сабзавот шуданд. Аммо чун ин кор ба бизнеси сердаромади Оила зарар мерасонд, билофосила бо дахолати ин монополистҳо ба кори давлат, сарҳадҳо зери назорати қатъӣ гирифта шуданд.
Ин монополистҳо аз воридоти берақобати маҳсулоти ниёзи аввал, даромади ҳангуфте мегиранд, ки ҳеҷ гоҳ аз истеҳсоли он, агар ҳатто худашон қисмати асосии истеҳсоли онро дар даст дошта бошанд, нахоҳанд гирифт. Бинобар набудани рақобат, онҳо нархро ҳар қадар хоҳанд боло мебаранд. Ин аст, ки қимати маҳсулоти ниёзи аввалия, сар аз орду равған то маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон на камтар ду баробари қимати ҳамин маҳсулот дар Узбекистон аст.
Аз ин ҷост, ки вазъи амнияти озуқаворӣ сол то сол бадтар мешавад, истеҳсоли дохилӣ рӯ ба марг аст ва ҳеҷ барномаи “стратегӣ”-е наметавонад амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистонро таъмин кунад.
Тамоми ин барномаҳо танҳо барои “публика” аст ва фармонҳое ҳам, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳо, гоҳо бо мушт дар миз кӯфтанҳо медиҳад, барои тамомшобинони телевизионҳост ва ҳеҷ кадоми онҳо иҷро намешаванд. Охирин “фармони қатъии” иҷронашудаи ӯ ҳам аз байн бурдани лимити таъмини барқ буд, ки ба зудӣ ба он хоҳем пардохт.
Барномаҳои стратегии дигари ӯ низ ё ба нафъи бизнеси Оила кор мекунанд ва ё бинобар бархӯрд бо манофеъи ин бизнес ҳаргиз иҷро намешаванд, ба онҳо ҳам дар баҳсҳои оянда бармегардем.