Додаҳои мунташиршуда тавассути Идораи омори комиссияи Аврупо (Евростат) аз коҳиши шадиди воридоти нафту гази Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар се моҳаи дувуми соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2022 ҳикоят дорад.
Ҳамзамон бо ҷорисозии таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия, ки дар пайи таҳоҷуми низомии ин кишвар ба хоки Укроин оғоз шуд, воридоти нафту фаровардаҳои нафтии Русия аз ҳади миёнаи моҳонаи 8.7 миллион тоннӣ дар се моҳаи дувуми соли 2022 ба 1.6 миллион тонн дар муддати мушобеҳи соли 2023 расид, ки нишондиҳандаи уфти 82 дарсадӣ аст.
Ба ин тартиб, саҳми Русия дар воридоти моҳонаи нафту фаровардаҳои он тавассути Иттиҳодияи Аврупо аз 21.6 дарсад дар се моҳаи дувуми соли гузашта ба 4 дарсад дар се моҳаи дувуми 2023 коҳиш ёфтааст.
Русия дар ҳоли ҳозир дувоздаҳумин мабдаи воридоти нафт ба Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад ва Норвегия (13.7 дарсад), Иёлоти Муттаҳида (13.6 дарсад), Қазоқистон (10.2 дарсад), Арабистони саудӣ (9 дарсад) ва Либия (8.1 дарсад) содиркунандагони аслии нафт ба Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.
Омори Евростат ҳамчунин нишон медиҳад, ки Иттиҳодияи Аврупо воридоти гази табиии худро аз Русия тайи се моҳаи дувуми соли ҷорӣ ба 2.5 миллион тонн расондааст. Ин рақам дар муддат мушобеҳи соли пеш наздик ба 5.1 миллион тонн гузориш шуда буд.
Бар ин асос, воридоти гази Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо тайи се моҳаи дувум имсол наздик ба 51 дарсад камтар аз муддати мушобеҳи соли 2022 будааст.
Содироти гази Алҷазоир дар се моҳаи дувуми соли 2023 нисбат ба се моҳаи дувуми соли пеш, 9.3 дарсад афзоиш ёфтааст. Воридоти Норвегия низ дар ҳамин муддат 6.2 дарсад афзоиш ёфта, то саҳми ин кишвар дар таъмини гази табиии мавриди ниёзи Иттиҳодияи Аврупо ба 44.3 дарсад бирасад. Озарбойҷон низ дар се моҳаи дувуми соли 2023 ҳудуди 6 дарсад гази воридоти Иттиҳодияи Аврупоро таъмин кардааст.
Аз замони шурӯъи таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин, Иттиҳодияи Аврупо барномаҳоеро бо ҳадафи гуногунӣ бахшидан ба таркиби энержии худ аз тариқи сармоягузорӣ дар энержиҳои таҷдидпазир ва бастани қарордодҳои арза бо дигар кишварҳо дар дастури кори худ қарор дода ва ба ҳамин манзур 300 миллиард евро буҷа барои ҳимоят аз кишварҳои узв дар назар гирифтааст.
Бо вуҷуди муваффақияти Иттиҳодияи Аврупо дар коҳиши воридоти гази табийии Русия аз тариқи хатти лӯла, гузориши ахири Global Witness нишон дод, ки воридоти гази табиии моеъи Русия (LNG) ба Иттиҳодияи Аврупо дар ҳафт моҳаи нахусти соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли 2021, 39.5 дарсад афзоиш доштааст.
Ҳарчанд раиси Комиссиюни Аврупо таъкид карда, ки воридоти гази моеъ бахши кӯчаке аз кулли энержии мавриди ниёзи Иттиҳодияи Аврупо шомил мешавад вале додаҳои мунташиршуда тавассути Евростат таъйид мекунад, ки Русия бо саҳми 12.4 дарсадӣ пас аз Иёлоти муттаҳида бо саҳм 46.4 дарсадӣ, дувумин манбаъи таъмини гази табийии моеъи ин Иттиҳодия аст.