Вазорати дифоъи Русия аз омодагии ин кишвар барои барқарории оташбаси муваққат дар Мариупол дар ҳамоҳангӣ бо Созмони милал ва Созмони Салиби Сурх хабар дод. Мақомоти Укроин бори дигар Русияро ба истифода аз бомбаҳои фосфорӣ муттаҳам карданд.
Укроин: Русия дар тадоруки анҷоми референдум дар Херсон аст
Ба гуфтаи ситоди фармондеҳии Укроин, Русия саргарми тадорукот барои анҷоми референдум дар Херсон аст то як “Ҷумҳурии халқ”-и тарафдори Маскав дар ин калоншаҳр бунёнгузорӣ кунад.
Ситоди фармондеҳии Укроин дар ин росто афзуд, артиши Русия, ки Херсонро таҳти тасарруфи худ дароварда, бо ин иқдом мекӯшад манотиқи ҷануби Укроинро бо “дастгоҳҳои идории мадании низомӣ” контрол кунад: Шевае, ки дар манотиқи Донетск ва Луганск дар шарқи Укроин ба иҷро гузошта шудааст.
Шаҳри Херсон, ки дар ҳудуди 300 ҳазор нафар ҷамъият дорад, аз аҳамияти стратегии зиёде бархурдор аст.
Укроин сафирони худ аз Гурҷистон ва Марокашро фаро хонд
Киев сафирони худ дар кишварҳои Гурҷистон ва Марокашро ба Укроин фаро хонд.
Владимир Зелеснкий, раисҷумҳури Укроин дар паёми видеоӣ тасреҳ кард, ки онон дар чорчуби вазоиф ва маъмурияти худ натавонистаанд мувофиқати ин кишварҳо ба пуштибонӣ аз Укроин дар ҷангро ҷалб кунанд.
Зеленский дар паёми худ хитоб ба сафирон тасреҳ кард: “Алорағми тамоми эҳтироме, ки қоил ҳастам бояд бигӯям, вақте ин кишварҳо [Гурҷистон ва Марокаш] на ба Укроин кумак итаслиҳотӣ мекунанд, на таҳриме алайҳи Русия вазъ мекунанд ва на фаъолиятҳои ширкатҳои русиро маҳдуд мекунанд, он вақт беҳтар аст дар пайи шуғли дигаре барои худ бошед.”
Ӯ афзуд дар рӯзҳои оянда дар интизори натоиҷи мушаххас дар ин росто аз сӯи намояндагони Укроин дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Ховари Миёна, ҷанубу шарқи Осиё ва Африқо аст.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Укроин “ҷабҳаи дипломатик яке аз муҳимтарин хутут барои пирӯзӣ” муқобили Русия дар ҷанг аст.
Бритониё: муҳосиботи Путин нодуруст аз об даромадаанд
Ҷереми Флеминг, раиси Созмони иттилоот ва ҷосусии Бритониё аз мушкилоти чашмгири сарбозони артиши Русия дар ҷараёни ҳамалот ба Укроин хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ Русия акнун бо “сарбозоне, ки рӯҳияи худро аз даст додаанд, аз иҷрои дастурҳо сарпечӣ мекунанд, дар таҷҳизоти худӣ харобкорӣ мекунанд ва ҳатто дар мавориди ҷангандаҳои худиро сарнагун кардаанд” рӯ ба рӯст.
Флеминг дар тайи як суханронӣ дар Австралия афзуд: “Рӯз ба рӯз мушаххастар мешавад, ки муҳосибот ва арзёбиҳои Путин нодуруст аз об даромадаанд.”
Ӯ ҳушдор дод, ки “Русия акнун дар пайи ёфтани ҳадафҳое барои ҳамалоти сайберӣ аст ва ҳамчунин нерӯҳои муздур ба кор мегирад то корзори низомии худ дар Укроинро, ки акнун бо кундӣ рӯ ба рӯ шуда, тақвият кунад”.
Мувофиқати Русия бо оташбас дар Мариупол
Вазорати дифоъи Русия аз омодагии кишвараш барои барқарори оташбаси муваққат дар Мариупол дар ҳамоҳангӣ бо Созмони милал ва Созмони Салиби Сурх хабар дод.
Тибқи эъломи Русия ин оташбас рӯзи панҷшанбе 31 март аз соати 10 субҳ ба вақти маҳаллӣ (9 субҳ ба вақти аврупои марказӣ) ба иҷро гузошта мешавад ва аз ин тариқ хурӯҷи ғайринизомиён аз ин шаҳр аз тариқи долонҳои убурии амн мумкин мегардад.
Дар баёнияи вазорати дифоъи Русия ҳамчунин омодааст: “Барои ин ки ин иқдоми башардӯстона бо муваффақият анҷом шавад, пешниҳод мекунем ин кор бо ҳамоҳангии намояндагони комиссариати ҳуқуқи башари Созмони милал ва ҳамчунин кумитаи Салиби Сурх ҷаҳонӣ сурат гирад.”
Хабаргузории Интерфакс гузориш дод Укроин то соати 6 субҳи панҷшанбе фурсат дорад, мувофиқати худ бо ин оташбаси муваққатро эълом карда ва Созмони милал ва Салиби Сурхро ба сурати катбӣ дар ҷараён қарор диҳад.
Коҳиши чашмгири баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ
Бомдоди панҷшанбе 31 март баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври чашмгире поин рафт.
Баҳои ҳар бушкаи нафти Вест Тегзос бо коҳиши беш аз 5 дарсад ба 102 доллару 20 сент ва баҳои ҳар бушкаи нафти дарёи Шимол бо коҳиши чаҳор дарсадӣ ба 108 доллару 65 сент расид.
Пеш аз он гузоришҳое мунташир шуда буд мабнӣ бар ин ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар назар дорад, дастури истифода аз захоири нафтии Амрико ба мизони рӯзона як миллион бушкаро бидиҳад.
Шубҳаи Зелеснкий ба натиҷабахш будани музокирот бо Маскав
Ба бовари Владимир Зелеснкий, раисҷумҳури Укроин музокироти ин кишвар бо Русия то кунун натоиҷи чашрасе ба думбол надоштааст.
Ӯ дар паёми видеоӣ тасреҳ кард: “Бале, мо шоҳиди музокироте ҳастем, ки ҳамчунон ҷараён ва идома дорад, аммо то ба ҳол ҳама чиз ҳарф буда ва натиҷаи мушаххасе ба думбол надоштааст.”
Ба гуфтаи Зеленский Русия “довталабона” аз манотиқи перомуни Киев ва Чернигов ақибнишинӣ намекунад, балки ин амалкарди артиши Укроин аст, ки сабаби ин ақибнишинӣ шудааст. Ў аз таҳаррукоти нерӯҳои рус ба самти Донбас барои анҷоми амалиёти ҷадид сахт гуфт ва афзуд: “Мо худро барои муқобила бо ин ҳамалот омода мекунем.”
Раисҷумҳури Укроин ҳамчунин тасреҳ кард кишвараш “танҳо ба ваъдаҳои хуш эътимод надорад, балки он чи акнун дар ҷабҳаи ҷанг рӯй медиҳад, намоёнгари вазъияти воқеъӣ аст”.
Зелеснкий изофа кард: “Мо таслим нахоҳем шуд ва барои ҳар ваҷаб аз хокамон ва барои ҳар як аз шаҳрвандони Укроин хоҳем ҷангид.”
Укроин: Русия дубора аз бомбаҳои фосфорӣ истифода кардааст
Мақомот Укроин Русияро ба истифодаи дубора аз бомбаҳои фосфорӣ дар шарқи Укроин муттаҳам кардаанд. Як мақоми укроинӣ гуфт, таслиҳоте, ки нерӯҳои рус дар ҷараёни ҳамалоти худ дар шаҳри кӯчаки Маринка ба кор бурдаанд, «чандин мавриди сӯхтор» ба бор овардааст.