Рубрики Pressa

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Мушкили Эрон бо Амрико ҳалшуданӣ нест!


Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи масъулон ва дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ имкони музокираи мустақим бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро рад кард.

Бар асоси иттилои расонаҳои эронӣ, ӯ тарафдорони музокира бо Амрикоро сатҳинигар ва зоҳирбин номида, чунин таъкид кард: “Музокирот мушкилоти моро ҳал намекунад, агар шарти он таслим шудан дар баробари Амрико бошад”.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ИМА-ро ба талош барои “тафриқаандозӣ” дар дохили Эрон айбдор карда, гуфт, ки бо вуҷуди ихтилофи назарҳо мардум дар муқобили душман муттаҳиданд. Ӯ ба ҷанги 12-рӯза бо Исроил ишора карда, иддао кард, ки ҳадафи ҳамлаҳои Исроил тағйири низом дар Эрон будааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 13-уми июн Эрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва рӯзи баъдаш дар яке аз пойтахтҳои аврупоӣ намояндагони Амрико ҷамъ шуданд, то дар хусуси ҳукумати баъд аз Ҷумҳурии Исломӣ гуфтугӯ кунанд, ки дар миёни онҳо як эронӣ ҳам буд.

Рад шудани музокира бо Амрико аз сӯи роҳбари олии Эрон дар ҳолест, се кишвари аврупоӣ ҳушдор доданд, ки агар Эрон то ҳафтаи оянда ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ва гуфтугӯ бо Амрикоро аз сар нагирад, механизми “снап-бек” ё баргардондани таҳрими комили СММ-ро фаъол мекунанд. Бозгашти ин таҳримҳо метавонад Эронро зери банди 7-уми Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид қарор дода, вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишварро боз ҳам бадтар кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *