Дар шаҳри Душанбе Маркази тамоси электронӣ барои қабули зангҳои шаҳрвандон ба фаъолият оғоз намуд.
Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ин марказ бо супориши раиси шаҳр ташкил гардида, ҳадаф аз таъсиси он баррасии саривақтии муроҷиатҳо, қабули бемамонияти зангҳои телефонӣ ва сафарбар кардани гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба макони ҳодиса мебошад.
Шаҳрвандон метавонанд дар дилхоҳ вақт тавассути рақамҳои 102 ва 02 бо мақомоти милитсия дар тамос шуда, иттилоъ дар бораи ҳодисаҳои гуногун, шикоят ва муроҷиатҳои худро пешниҳод намоянд.
Раёсати ВКД мегӯяд, таъсиси маркази мазкур ба таҳкими робитаи шаҳрвандон бо милитсия мусоидат карда, имкон медиҳад, ки пешгирӣ ва ифшои ҷиноятҳо саривақт анҷом дода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube