Имрӯз, 29 август зимни сафари корӣ Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мавриди назар дар доираи нақшаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст. Ҳамчунин, бунёди ин марказ дар оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим ва таъмини сиҳатии сокинон нақши бузур хоҳад гузошт.
Маркази саломатӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳа ба таври ҳашари дастаҷамъона бо ҳарҷи 580 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Бино 6 утоқи корӣ ва 8 ҷои нишаст дошта, аз ҷониби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаааст. Баъди ифтитоҳи иншооти мавриди назар 4 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Сафари кории Қоҳир Расулзода, Сарвазири кишвар субҳи имрӯз, дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ноҳияи Хуросон оғоз шуд. Дар ин сафар аз сардхона, парвариши ангур, мумфаршкунии роҳҳои мошингард ва таъмини заминҳои кишоварзӣ бо об дидан кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube