Cокинони кишвар бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ се рӯз пайиҳам – 7, 8 ва 9 сентябр истироҳат мекунанд. Аммо шанбеи 6-уми сентябр рӯзи корӣ хоҳад буд.
Аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон гуфтанд, ки бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, шанбе – 6 сентябр рӯзи корӣ ва душанбе – 8 сентябр рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Дар Тоҷикистон 9 сентябр Рӯзи Истиқлоли давлатӣ буда, ба идҳои асосии кишвар шомил мешавад. Ин рӯз расман истироҳат аст.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар Тоҷикистон 34 – солагии Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube