Рубрики Pressa

Нақлиёти ҷамъиятии Душанбе пурра ба пардохти ғайринақдӣ мегузарад


Моҳи сентябр ҳамаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе вазифадор шудаанд, ки дар мошинҳои худ POS-терминал (валидатор) насб намоянд.

Ин дастгоҳ барои пардохти ғайринақдӣ истифода мешавад ва ба мусофирон имкон медиҳад роҳкиро бо корт ё дигар василаҳои электронӣ супоранд ва расид гиранд.

Валидаторҳоро худи ронандагон мехаранд, аммо насб ва хизматрасонии минбаъдаи онҳо ба дӯши ширкати “Citycard” гузошта шудааст. Нархи як валидатор 2 ҳазору 800 сомонӣ, ҳаққи хизматрасонии моҳона  30 сомонӣ муқаррар шудааст.

Барои мусофирон, истифодаи пардохти ғайринақдӣ на танҳо қулайтар мегардад, балки вобаста ба намуди кортҳои пардохтӣ, тахфиф низ пешбинӣ шудааст. Яъне маблағи пардохт камтар аз роҳкирои нақдӣ – 2 сомонию 50 дирам хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, баъзе ронандагон аз гарон будани нархи дастгоҳ ва хизматрасонии он изҳори норозигӣ кардаанд. Аммо намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятҳои нақлиёти мусофиркашонӣ таъкид мекунанд, ки ин тасмим қарори шаҳрдории Душанбе аст ва иҷрои он ҳатмӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *