Имрӯз, 3-юми сентябр дар шаҳри Пекин ба муносибати 80-солагии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гузашти низомӣ баргузор шуд.
Дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо сарони 25 кишвари дигар, аз ҷумла Эрон, Русия ва Покистон ширкат намуд.
Дар гузашти низомӣ беш аз 10 000 нерӯҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Чин иштирок карда, аслиҳаҳои муосири ин кишвар, аз ҷумла паҳподҳои худкор, мушакҳои қорапаймои ҳастаӣ, роботҳои сагнамо ва сомонаҳои дифоӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Видео дар телеграмканали Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube