Агар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук пойгоҳи иттилоотии шаҳрвандони Русияро ба худи ин кишвар интиқол надиҳад, дар назар аст, ки Роскомнадзор шабакаи иҷтимоии Фейсбукро дар қаламрави Федератсияи Русия масдуд кунад.
Дар ин бора сардори Роскомнадзор Александр Жаров дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи «Известия» маълумот додааст.
«То охири соли 2018 мо ин ширкатро тафтиш мекунем ва чанд талаботе ҳаст, ки бояд онҳо иҷро шаванд. Аз ҷумла, маҳаллисозии пойгоҳи иттилоотии шаҳрвандони Русия дар ҳудуди ФР, ҳазф кардани ҳамаи маълумоте, ки нашрашон манъ аст. Аммо онҳо аллакай маълум аст, ки барои иҷрои ин амалҳо чанд фурсатро аз даст додаанд. Ин маънои онро дорад, ки онҳо ба қонун итоат намекунанд».- гуфтааст Александр Жаров
Жаров афзудааст, агар ин талабот иҷро нашаванд, масдуд кардани ин шабакаи иҷтимоии Фейсбук пеш меояд.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш аз ҷониби додгоҳи Таганскии Маскав ҳукми манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram содир шуда буд.
Александр Жаров, роҳбари кулли Росскомнадзор гуфта буд, ки аз соҳибони фурӯшгоҳҳои барномаҳои интернетии App Store ва Google Play дархост мекунад, ки замимаи Telegram-ро лағв кунанд.
Ҳукми манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram замоне содир шуд, ки роҳбарияти он бо такя ба талаботи Конститутсияи ФР дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Аз ин лиҳоз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид кард.
Муассиси паёмрасони Telegram Александр Дуров гуфт, ки паёмрасон фаъолияташро бо истифода аз қуфлшиканҳо ва VPN идома медиҳад.