Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистониён дар содир намудани ҷиноят дар Маскав назар ба ӯзбакону қирғизҳо пешгоманд

Сухангӯи пулиси Маскав, пойтахти Руссия- Олеся Алёшина иттило додааст, ки тайи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи ҷинояте, ки аз ҷониби хориҷиён содир гаштааст,  назар ба ҳамин давраи соли рафта 7, 7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ иттилоъ додаанд ва аз қавли ин хонум таъкид кардаанд, ки дар гузашти нӯҳ моҳи ҳамин сол дар Маскав 130 ҳазор ҷиноят ба қайд омада, 6343 адади он аз тарафи шаҳрвандони ҳориҷӣ содир гаштааст. Боқӣ 123 757 ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони Руссия ба амал омадааст.
Сухангӯи пулиси Маскав гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон  1200 ҷиноят содир намуда, аз ду ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ дар пеш қарор доранд. Дар ҳамин ҳол, мардуми муҳоҷири кории Ӯзбакистон 1000 ҷиноят ва Қирғизистон 730 ҷиноят содир кардаанд. Ба гуфтаи хонум Алёшина, ҷиноятҳои содирнамудаи муҳоҷирони корӣ мухталифанд ва ҷиноятҳои ғорату таҷовуз ба номус дар сатҳе боқӣ мондаанд, ки дар ҳамин давраи соли рафта ба қайд омадаанд.

Дар ҳамин ҳол омори ироашуда аз тарафи ниҳодҳои гуногуни Русия аз ҳам ба куллӣ тафовут доранд:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *