Рубрики Pressa

Аввалин минтақаи саноатии Русия дар Тоҷикистон


Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмони аввалин минтақаи саноатии Русия оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Дмитрий Кусков, директори департаменти ҳамкории байналмилалии Вазорати саноат ва савдои Русия хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Кусков, аллакай дар ҳамон сол минтақаи саноатӣ метавонад аввалин резиденти худ, яъне як корхона ё ширкатро қабул намояд. Ӯ таъкид кард, ки ҷониби Русия омода аст пеш аз оғози сохтмон ширкатҳоро ҷалб намояд.

“Мо аллакай аз ҳозир ба кор бо ширкатҳо омода буда, онҳоро даъват мекунем, то ки барои онҳо зерсохтор бунёд кунем”,- зикр кард Кусков.

Сохтмони минтақаи саноатӣ дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2023 зимни сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав мувофиқа шуда буд. Дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, дар ин минтақа ҷойгиркунии корхонаҳои соҳаҳои саноати кимиё, мошинсозӣ ва саноати сабук пешбинӣ шудааст.

Идеяи таъсиси чунин минтақа бори аввал дар моҳи апрели соли 2023, ҳангоми сафари ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини сарвазир матраҳ шуда буд. Вазири саноати Русия Денис Мантуров аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуда, ширкати “Химград” омодагии худро барои амалисозии лоиҳа изҳор дошта буд.

Маврид ба зикр аст, ки 29-уми июли соли ҷорӣ дар Душанбе амалисозии лоиҳаи “Парки индустриалии Русия ва Тоҷикистон” расман оғоз шуд. Барои сохтмон қаламрави собиқ корхонаи “Коргоҳи мошинсозӣ” бо масоҳати 9,3 гектар интихоб гардидааст.

Дар пойгоҳи нави индустриалӣ рушди бахшҳои саноати сабук, мошинсозӣ, дастгоҳсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва электротехникӣ, инчунин, соҳаи кимиё ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дастрасӣ ба шабакаҳои нақлиётӣ, мавҷудияти зерсохтори мутамарказ ва захираҳои корӣ ҳамчун бартариҳои ин минтақа зикр мешаванд.

Моҳи майи соли 2024 дар форуми “Русия – Ҷаҳони ислом: KazanForum” намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренко тасдиқ намуд, ки барои парк аллакай майдон дар маркази Душанбе интихоб шудааст. Қаламрави корхонаҳои замони собиқ шуравӣ низ мавриди омӯзиш қарор доштанд, ки биноҳои истеҳсолӣ ва зерсохтори барои навсозӣ доштаанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон якчанд минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла дар Душанбе ва Хуҷанд, инчунин, панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Лоиҳаи нави муштарак бояд ба ин низом илова гардад ва замина барои тавсеаи ҳамкориҳои саноатии Тоҷикистону Русия фароҳам орад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *