Имрӯз қарз гирифтан як амали маъмулӣ дар зиндагӣ шудааст. Мардум барои харидани хона, мошин, таъмири манзил, таҳсили фарзандон ва ҳатто хароҷоти рӯзмарра қарз мегиранд. Қарз метавонад ба мо кумак кунад. Аммо агар дуруст истифода накунем, мушкилоти зиёдро ба бор меорад. Бинобар ин, донистани қоидаҳои гирифтани қарз ва оқибатҳои он хеле муҳим аст.
Қарз чист?
Қарз маблағест, ки мо аз бонк ё шахси дигар мегирем ва уҳдадор мешавем, ки онро дар вақти муайян баргардонем. Агар бонк бошад, қарзро бо фоизаш мегирад. Рафиқ ё шахси наздик бошад, қарз бо подош ё туҳфаи хотирмон баргардонида шавад, беҳтар аст. Ин эҳтиром ва муносибати хуби инсониро нишон медиҳад, то оянда боз дар вақти зарурат рафиқатон ҳангоми пурсиши қарз не нагӯяд.
Чӣ гуна қарзро дуруст гирем?
Аввал аниқ кунед, ки чаро қарз лозим аст. Агар он барои чизе бошад, ки оянда фоида меорад, масалан хона, таҳсил, тиҷорат, қарз асоснок аст. Аммо агар танҳо барои хароҷоти муваққатӣ бошад, беҳтар аст, ки хуб фикр кунед.
Даромад ва хароҷоти худро ҳисоб кунед. Пеш аз қарз гирифтан фаҳмед, ки моҳе чанд сомонӣ даромад доред ва оё метавонед қисман барои пардохти қарз ҷудо намоед.
Шартҳои қарзро бодиққат хонед. Фоиз, ҷарима барои таъхир ва муҳлати баргардонидани он муҳиманд.
Қарзи зиёд нагиред. Мутахассисон мегӯянд, ки қарзи моҳона набояд зиёда аз 30 %-и даромади умумии оиларо ташкил диҳад.
Пулро танҳо барои мақсади муайян сарф кунед. Агар барои таъмири хона қарз гирифтаед, онро ба хариди ашёҳои нолозим сарф накунед.
Агар қарз мақсаднок истифода нашавад...
Агар қарзи бонкро мақсаднок, дуруст истифода набаред, фоиз ва ҷаримаҳо зиёд мешаванд. Як қарзи хурд метавонад ба маблағи калон табдил ёбад. Агар саривақт пардохт накунед, оянда дигар бонкҳо ба шумо қарз намедиҳанд. Яъне, шумо дар рӯйхати ба иборае “сиёҳ” ворид мешавед. Ин маънои онро дорад, ки бонкҳо аз шумо ҳуҷҷатҳои зиёд талаб мекунанд ё аз додани қарз худдорӣ менамояд. Чунки дар бонкҳо низоми ягона мавҷуд аст ва маълумоти зарурии мизоҷ, аз ҷумла таърихи қарз дастрас аст.
Баъдан, фишори равонӣ зиёд мегардад. Шахс метавонад зери қарз оромии равонӣ ва муносибатҳои оилавиро аз даст диҳад. Амвол аз даст меравад. Агар қарз гарав дошта бошад, мисол, хона ё мошин, бонк метавонад онро аз шумо гирад.
Маслиҳатҳои оддӣ, аммо муфид
Танҳо миқдоре қарз гиред, ки баргардониданаш имконпазир аст.
Ҳар моҳ маблағи қарзро аввал аз ҳама ҷудо кунед, то таъхир нашавад.
Агар мушкил пеш омад, бо корманди бонк саривақт тамос гиред. Бисёр вақт мумкин шартҳои қарзро тағйир диҳанд.
Қарз метавонад ҳам дӯст бошаду ҳам душман. Агар мо онро бо ақл ва нақша истифода барем, метавонад барои амалишавии орзуҳои мо кумак кунад. Аммо агар беандеша қарз гирем, оқибат метавонад бисёр вазнин шавад.
Ҳар вақт, пеш аз қарз гирифтан ин саволро ба худ диҳед: Оё метавонам онро саривақт баргардонам? Агар ҷавоб “ҳа” бошад, пас қарз гирифтан мумкин аст. Агар “не” бошад, беҳтар аст, ки аз он даст кашед. Беҳуда нагуфтаанд, ки “кӯрпаро нигоҳ куну пойро дароз”.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube