Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳои худ таъкид доштанд, ки «пешбурди оқилонаи сиёсати молиявӣ ва муътадилии он дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат мебошад».
Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамкорӣ бо нозироти андоз ва дигар сохторҳои дахлдор баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” дар ҳафт моҳи соли 2025 корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст.
Бино ба иттилои сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафарзода С., нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 100,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷети маҳаллӣ 37315,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 183,2 ҳазор сомонӣ зиёд буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияпулии андоз ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 ба маблағи 7069,7 ҳазор сомонӣ буда, нисбати аввали соли 2025 (7681,6) 611,9 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 97,0 фоиз таъмин гардидааст, маблағи (нақша 103 млн 484 ҳазор сомонӣ) 100 млн 404 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.
Аз маблағи умумии хароҷот 96 млн 010,3 ҳазор сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш равона гардидааст, ки 97,2 фоизи хароҷотҳоро дар бар мегирад.
Номгӯи даромади андозҳо | Нақшаи аниқшуда дар ҳафт моҳи соли 2025 | Иҷроиш дар ҳафт моҳи соли 2025 | % |
Мақомоти иҷроия | 3253,8 | 3153,9 | 96,9 |
Соҳаи мудофиа | 395,6 | 315,6 | 79,8 |
Соҳаи маориф | 78976,8 | 77076,7 | 97,6 |
Соҳаи тандурустӣ | 18844,4 | 18044,5 | 95,8 |
Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ | 133,4 | 133,4 | 100,0 |
Соҳаи манзилию коммуналӣ | 578,0 | 528,1 | 91,4 |
Соҳаи маданият | 805,4 | 755,4 | 93,8 |
Соҳаи хоҷагии қишлоқ | 194,5 | 164,6 | 84,6 |
Нақлиёт ва коммуникатсия | 291,6 | 231,7 | 79,4 |
Дигар хароҷотҳо | 10,7 | 0 | 0 |
Ҳамагӣ: | 103484,7 | 100403,9 | 97,0 |
Таҳлили иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ нишон медиҳад, ки то ба имрӯз дар назди муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби моддаҳои ҳимояшаванда қарздорӣ вуҷуд надорад.
Мувофиқи ҳисоботҳои пешакӣ музди меҳнат ва рухсатпулии омӯзгорон 17 млн 537 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки то ба имрӯз пурра пардохт гардидааст.
Сафарзода С. меафзояд, ки Раёсати ВМ ҶТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оянда низ ҷиҳати саривақт таъмин намудани нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия, иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чора ва имкониятҳои иловагиро роҳандозӣ менамояд.
– Кӯшиш ба харҷ медиҳем, то дар доираи даромади маблағҳои андозӣ маблағгузории мақсаднок ва самараноки чорабиниҳоеро, ки дар семоҳаи сеюми соли 2025 пешбинӣ шудаанд, таъмин намоем,- мегӯяд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube