Рубрики Pressa

Варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд


Аз 4 то 7 сентябри соли 2025 дар шаҳри Гиёри давлати Маҷористон Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (марафон) миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон идома дорад.
Дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгари  тоҷик Раҷабов Муҳаммадӣ, дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об”-и шаҳри Душанбе, дар масофаи 14.4 км дар риштаи C-1 каноэ байни наврасон ҷойи сеюмро соҳиб шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Ин аввалин медали таърихии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *