Ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёди 6260 иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 5641 иншоот сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ин нишондиҳанда 90 дарсади иҷрои нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Танҳо дар давоми соли 2025, дар минтақа 1573 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардидааст, ки 136 дарсади нақшаи пешбинишудаи солонаро ташкил медиҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки раванди корҳои ободониву созандагӣ дар вилоят бо суръати баланд идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube