– Як гурӯҳи вакилон аз фраксияи “Русияи боадолат – Барои ҳақиқат” (“Справедливая Россия – За правду”) таҳти сарварии раиси ҳизб Сергей Миронов, вакиле, ки ба муҳоҷирситезӣ шинохта мешавад, ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки бо худ овардани оилаи муҳоҷиронро манъ мекунад,- хабар медиҳад, хабаргузории ТАСС.
Муаллифони лоиҳа иддао кардаанд, ки оилаҳои муҳоҷирон ба мактабҳо, боғчаҳо ва низоми тиббии Русия фишор меоранд, дар ҳоле ки андоз ва пардохти иҷозатномаи кор (патент)-и онҳо хароҷоти буҷетро ҷуброн карда наметавонад. Онҳо барои ин иддаои худ ягон далел ироа накардаанд.
Ба қавли вакилони рус, иҷрои ин мамнуият метавонад ҷараёни муҳоҷиратро 15-20% коҳиш диҳад.
Дар ин тарҳ пешниҳод шудааст, ки ин маҳдудият ба шаҳрвандони Беларус ва “мутахассисони баландихтисос” ҷорӣ нашавад.
Сергей Миронов зикр кардааст, ки ин ташаббус “барои гузаштан ба низоми кори муваққатии муҳоҷирон дар Русия иқдоми муҳим” хоҳад буд.
Танзими интиқоли маблағ
Ҳамзамон, вакилон аз фраксияи “Одамони нав” (“Новые люди”) таҳти сарварии Алексей Нечаев лоиҳаи қонунро пешниҳод намудаанд, ки ба танзими интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон равона шудааст.
Дар лоиҳа манъи интиқоли пул ба хориҷа аз ҷониби кормандони хориҷӣ, ки аз маоши расмии моҳонаи онҳо зиёдтар аст, пешниҳод шудааст. Ин ташаббус тағйирот ба Қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро дар назар дорад.
Муаллифон зикр мекунанд, ки соли 2023 муҳоҷирони корӣ маблағи рекордӣ – зиёда аз 18 млрд доллар ба ватан интиқол додаанд.
Дар шарҳи лоиҳаи қонун инчунин таъкид мешавад, ки дар меъёрҳои амалкунанда назорати бояду шояд ба мувофиқати ҳаҷми интиқол ба даромади расман тасдиқгардида пешбинӣ нашудааст. Ба ақидаи таҳиягарони он, лоиҳаи нави қонун бояд аз интиқоли маблағҳое, ки ба даст овардани он тариқи ҳуҷҷат тасдиқ нашудааст, пешгирӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube