11 сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 9 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст.
«Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, бо ҳама лавозимоти рӯзгор ҷиҳозонида шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ин ниҳод даъват намуд, ки бо истифода аз чунин шароит ва имконият ба нафъи миллату давлат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube