Ба хотири 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён ба 60 кӯдаки навзод шаҳодатномаи ройгон додаанд.
Мумина Иброҳимзода, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён ба Pressa.tj гуфт, ки дар арафаи ҳар як ҷашн мо чунин иқдомро амалӣ мекунем.
Ӯ мегӯяд, ба хотири ҷашни Истиқлоли кишвар 60 кӯдак аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ройгон соҳиби шаҳодатномаи таваллуд шуданд. Ба таъкиди вай, 15 оилаи нав ҳам бо шаҳодатномаи ройгони ақди никоҳ таъмин гардиданд.
“Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён пайваста ба кӯдакон ва оилаҳои навтаъсис шаҳодатномаи таваллуд ва ақди никоҳро ройгон тақдим мекунад”, -афзуд вай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube