Дар вилояти Суғд аз аввали мавсими ҷамъоварии пахта 20 ҳазору 260 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 15,4%-и нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ин бора ба Pressa.tj имрӯз, 15 сентябр аз Сарраёсати кишоварзии вилоят хабар доданд.
Тибқи маълумоти масъулин, соли ҷорӣ пахта дар майдони умумии 49 ҳазору 245 гектар кишт шудааст. Ҷамъоварии ҳосил аз охири моҳи августи соли равон оғоз гардида, ҳар рӯз беш аз 2 ҳазор тонна пахтаро ҳашарчиён ва деҳқонони вилоят ҷамъоварӣ ва ба хирман супорида истодаанд.
Аз миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Мастчоҳ, Спитамен, Конибодом ва Ҷаббор Расулов дар ҷамъоварии пахта пешсаф мебошанд.
Ба иттилои Сарраёсати кишоварзӣ, дар вилоят 7 шаҳру ноҳияи пахтакор фаъолият мебаранд. Нақшаи дурнамои истеҳсоли пахта барои соли 2025 ба ҳисоби умумӣ 131 ҳазору 300 тонна пешбинӣ шудааст. Масъулин бо истифода аз боду ҳавои мусоид умедвор ҳастанд, ки нақшаро сари вақт ва бе талафот иҷро хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube