Рубрики Хабарҳо

Баҳром Иноятзода ба гирифтани 400 000 сомонӣ ришва муттаҳам мешавад

Додситонии вилояти Хатлон эълон кард, шаҳрдори собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода дар гирифтани ришва дар ҳаҷми 400 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон ришваҳоро Иноятзода тавассути ронандааш ба гирифтааст. 

Додситони вилояти Хатлон дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеъаш, ки имрӯз, 16 июл баргузор шуд гуфт, нисбати Баҳром Иноятзода бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ (гирифтани ришва дар ҳаҷми калон) парванда боз шудааст. Ӯ дар 12 ҳолат барои ҷудо кардани қитъаи замин пора талаб намудааст.

Ба Иноятзода то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар гузориши додситонии вилояти Хатлон гуфта мешавад, ки Баҳром Иноятзода бо «ҳаммаслаконаш» ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Маълум нест, ки манзур аз «ҳаммаслакон» киҳо ҳастанд, аммо додситонӣ хабари боздошти ронандаи Баҳром Иноятзодаро тасдиқ кард. 

Баҳром Иноятзода 8 июн аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо гумони «фасодкорӣ» дастгир шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *