Имрӯз, 17 сентябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фосилавӣ биноҳои истиқоматии Агентии обуҳавошиносӣ, ки дар шакли кампус бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Сохтмони биноҳои зист бо ҷалби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2022 оғоз ёфтааст.
“Иншооти хизматӣ аз ду бинои 11-ошёна, кӯдакистон, майдони варзишӣ, ду майдончаи бозии кӯдакон, маркази хизматрасонӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1,26 га дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд ёфтааст”, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Ду бинои зист дорои 120 хона, аз ҷумла 40 хонаи якҳуҷрагӣ, 40-то дуҳуҷрагӣ ва 40 хонаи 3 ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии 10 904 метри мураббаъ мебошад.
Дар бинои мазкур 120 оилаи кормандони соҳа соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд.
Дар ошёнаи якуми бино боғчаи кӯдакона ҷойгир буда, дар он 4 толори бозии зеҳнӣ, 4 синфхонаи машғулияти таълимӣ, 4 ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҷойи шустушӯӣ мавҷуд мебошад.
Ҳамаи хонаҳои хизматӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳии шаҳрӣ пайваст гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube