Рубрики Pressa

Ҳоспис барои кӯдакони гирифтори бемории саратон дар шаҳри Душанбе


18 сентябри соли равон дар Тоҷикистон аввалин шуъбаи муроқибати таскинӣ (ҳоспис) барои кӯдакони гирифтори бемории саратон ба фаъолият оғоз кард.

Ин шуъба бо номи “Тасалло” дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ  ва дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он барои расонидани кумак ба кӯдакони гирифтори марҳилаи чоруми бемории саратон равона гардидааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шуъба бо ташаббуси Озода Раҳмон, муассиси Фонди хайриявии “Лона” ва раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки Фонди «Лона» аз соли 2009 инҷониб фаъолият дорад. Аз ҳамон замон то кунун ба кӯдакони гирифтори бемориҳои саратон ва осори сӯхтор кӯмак мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *