Дар Тоҷикистон амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор” роҳандозӣ мегардад. Он дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо маводи мухаддир барои солҳои 2026–2030 гузаронида мешавад.
Дар доираи ин амалиёт, мақомот ба муайянсозӣ, ошкорсозӣ ва нобуд сохтани растаниҳои худрӯй ва ғайриқонунии нашъадор дар ҳудуди кишвар машғул хоҳанд шуд.
Тибқи нақшаи мазкур, инчунин чораҳо ҷиҳати бастани роҳҳои воридшавии маводи мухаддир ба кишвар ва пешгирии интиқоли минбаъдаи онҳо ба хориҷи Тоҷикистон андешида мешаванд.
Амалиёти “Кӯкнор” ҳамасола дар Тоҷикистон гузаронида шуда, яке аз тадбирҳои муҳими мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб меёбад. Дар доираи он, кормандони ниҳодҳои марбута бо ҷалби техникаи махсус ва неруҳои иловагӣ барои ошкор ва нобуд сохтани заминҳои кишти ғайриқонунии маводи нашъадор сафарбар мегарданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки амалисозии босамари чунин амалиётҳо метавонад нақши муассир дар коҳиш додани хатари паҳншавии маводи мухаддир дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дошта бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube