Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар пахши мустақими ин ҳафтааш, ки дар мавзӯъи “Оё сиёсат ифлос аст?” баргузор шуд, гуфт сиёсат чун ҷузъи муҳиме аз ҳаёти мардум наметавонад ифлос бошад. “Ин сиёсатмадоронанд, ки онро ифлос мекунанд ва взаифаи мост, ки сиёсатро аз сиёсатмадорони ифлос поксозӣ кунем” — таъкид кард ӯ.
Раҳбари ПМТ изҳор дошт ҳамин гурӯҳи сиёсатмадорон ҳастанд, ки мекӯшанд ин андешаро байни мардум тарғиб кунанд, то мардум аз сиёсат бипарҳезад. Ӯ ҳамчунин ба таҳқиқоте ишора кард, ки тибқи он иддаои ифлос будани сиёсат дар кишварҳои диктотурӣ роиҷ аст. Ва ин иддао бахши аъзами мардумро ҳам аз сиёсат канор задааст.
Раҳбари музолифин таъкид кард, тибқи ҳамин таҳқиқот, тоҷикон мардуми шумурда шудаанд, ки яке аз камтарин таваҷҷӯҳ ба сиёсатро доранд. Вай аз таҷрибаи шахсиаш низ мисол овард, ки ин иддао бештар аз ҳама байни мардуми порсизабон роиҷ аст. “Бештари афғонҳову эрониҳое, ки банда мулоқот кардаам, ба ин иддао пофишорӣ мекунанд” — гуфт ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард сиёсат ҷузъи муҳиме аз зиндагии мардум аст ва ҳар шаҳрванд муваззаф аст бо он кор дошта бошад: “Агар шумо бо ин иддао, ки сиёсат ифлос аст, бо он кор намегиред, сиёсат бо шумо кор мегирад ва ҳамон ифлосие, ки мегӯед ҳамеша таъқибатон хоҳад кард”.
Раҳбари Паймони миллӣ гуфт ҳамин ифлосие, ки мардум фикр мекунад дар сиёсат вуҷуд дорад, дар соҳаҳои дигар, мисли иқтисоду маорифу тибу варзиш низ вуҷуд дорад. “Вақте натиҷаҳои бозӣ дар футболу куштӣ харудуфурӯш мешаванд, ки хеле роиҷ ҳам ҳаст, магар мешавад гуфт варзиш ифлос аст? Ё вақте табибон ё муаллимон даст ба фасод мезананд, магар метавонем бигӯем, ки тиб ё маориф ифлос аст? Ё вақте як рӯҳонӣ ва мулло даст ба фаҳшу қаллобӣ мезанад, метавонем динро ифлос гуем?” — суолгузорӣ намуд ӯ.
Кабирӣ тавзеҳ кард сиёсатмадорони фасодкор амдан ин андешаро байни мардум мепарокананд, то роҳи худашон боз бошад. Ва аз зиндагии шахсиаш мисол зад, ки “замоне вакили парлумон будам, яке аз сиёсатмадорони маъруфи кишвар насиҳат кард, ки сиёсат ифлос аст ва аз он даст кашам. Вақте пурсидам, ки “пас чаро худи шумо ба сиёсат рафтаеду ба он машғулед” гуфт “мо беақлӣ кардем ва акнун пушаймонем. Худат ҳанӯз ҷавонӣ ва фурсат дорӣ”. Аммо дертар фарзандонашро вориди сиёсат кард ва ба Вазорати корҳои дохилӣ овард”.
Ба суоли ин ки чаро ифлосӣ дар сиёсат нисбат ба соҳаҳои дигар бештар аст, раҳбари мухолифини тоҷик посух дод, ки ҷун инҷо мубориза барои қудрат аст, табиист, ки хиёнату куштору дигар ҷиноятҳо бештар аз соҳаҳои дигаранд.
Муҳиддин Кабирӣ дар пахши мустақим ҳамчунин ба суолҳои бинандагон посух гуфт. Гуфтугӯи ӯ бо мардум дар канали ютубии ПМТ, телевизиони моҳвораии Паём ТВ ва Радиои Паём пахш шуданд.
Сабти ин гуфтугӯро шумо метавонед инҷо тамошо кунед: