Палатаи поёнии парлумон тағйироту иловаҳоро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки дар он барои пардохт нашудани маблағи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.
Тибқи тағйирот “Барои пардохт накардани роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ва ноҳия, бепул савор кардани кӯдаки синни аз 5-сола боло, бағочи аз меъёр зиёд, инчунин истифодаи корти бегонаи имтиёзнок ба маблағи чоряки нишондиҳанда барои ҳисоб, ки 14 сомониву 50 (1,5 доллар) дирамро ташкил медиҳад, ҷарима ситонида мешавад”.
Маблағи як нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2020 ба 58 сомонӣ баробар аст.
Тағйироту иловаҳо пас аз тасдиқи онҳо дар палатаи болоии парлумон, имзо аз ҷониби президент ва нашри расмӣ дар ВАО мавриди амал қарор мегиранд.
барои аз тарафи мусофирон бе пардохти роҳкиро дар нақлиёт сафар кардан, бо худ бурдани кӯдакони аз 5-сола калон ва бори аз меъёр зиёд, ҷаримаҳо
— дар қатора (поездҳо)-и хатсайри маҳаллӣ — ба андозаи аз 1 то 2;
— дар қатораҳои хатсайри байналмилалӣ — аз 3 то 5;
— дар ҳавопаймоҳои мусофиркашонии дохилӣ — аз 5 то 7;
— дар ҳавопаймоҳои мусофиркашонии байналмилалӣ — аз 15 то 20;
— дар таксиҳои сайрхат — аз 1 то 2;
— дар нақлиёти мусофиркаши шаҳр ва ноҳия — 4-яки нишондиҳанда;
— дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии байнишаҳрӣ — 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шудааст.