Рубрики Pressa

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Панҷакент бо баргузории конфронси байналмилалӣ


Ба ифтихори Рӯзи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент конфронси байналмилалии илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ ва эҳёи фарҳанги тоҷикон” баргузор гардид. Ин ҳамоиши муҳими фарҳангӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳо ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷкент сурат гирифт.

Дар конфронс олимону муҳаққиқони маъруфи тоҷик ва хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Чин, Эрон ширкат намуда, доир ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маърӯзаҳо ироа карданд. Онҳо дар баромадҳои худ нашри осори шоир, таъсири ӯ ба рушди адабиёти тоҷик ва нақши Рӯдакӣ дар эҳёи фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлолро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳайати меҳмонон, аҳли адаб ва ҳаводорони ашъори Рӯдакӣ аз оромгоҳи шоир дар Панҷрӯд боздид намуда, ба пояи муҷассамаи ӯ дар боғи канори рӯди Уреч ва саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд.

Маҳфили асосии ҷашнӣ дар майдони Парчами давлатии маркази шаҳр бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода оғоз гардид. Дар идомаи чорабинӣ адабиётшиноси шинохта, доктори илмҳои филология, раиси Бунёди Рӯдакӣ Абдунабӣ Сатторзода ва раиси бахши шаҳрии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Исмоил Зарифӣ дар бораи мақому ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар таърихи адабиёт ва фарҳанги миллӣ сухан гуфтанд.

Барномаи консертии санъаткорони шаҳр, ки аз сурудҳои тараннумкунандаи ашъори Рӯдакӣ, қироати шеър ва рақсҳои миллии ҷаззоб иборат буд, ба ҳозирин таассуроти амиқ ва хотирмон бахшид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *