Имрӯз, 26 сентябр зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, бинои нави Беморхонаи кӯдаконаи зидди сил дар назди Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи сил аз 2 ошёна иборат аст. Он дорои 50 кати хоб мебошад.
“Дар ин ҷо барои ташхису табобат имконияти васеъ фароҳам гардида, бобати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамаи шароит муҳайё шудааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Дар беморхона шуъбаҳои бемориҳои сили микробхориҷкунанда, бемориҳои сили такроран сироятёфта, шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдакона, ҷарроҳии сили кӯдакона ва дигар бахшҳои зарурӣ мавҷуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube