Рубрики Pressa

Парки саноатии муштараки Тоҷикистону Русия таъсис меёбад


Дар шаҳри Москва вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Русия Антон Алиханов баргузор шуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи таъсиси Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.

“То имрӯз зиёда аз 10 ширкати бонуфузи Русия аз бахшҳои саноати сабук, сохтмон, коркарди чӯб, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва дигар самтҳо барои иштирок дар фаъолияти Парки саноатии муштарак дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои ворид намудани сармоя, таҷриба ва технологияи муосир изҳори омодагӣ намудаанд”,- иттилоъ медиҳад вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки иштироки чунин ширкатҳо метавонад барои ташаккули иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам орад.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба афзоиши ҳаҷми гардиши савдо, такмили низоми ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятнок ва тавсеаи ҳамкории саноатиро муҳокима кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *