Рубрики Хабарҳо

Рустам Умаров, зодаи Самарқанд вазири дифоъи Укроин мешавад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дирӯз, 3 сентябр бо фармоне Алексей Резников, вазири дифоъи ин кишварро барканор карда, аз тасмимаш барои пешниҳоди Рустам Умаров, як зодаи Самарқанд ба мансаб хабар дод. Зеленский гуфтааст аз Рада (парлумони Укроин) дархост хоҳад кард, то номзадии Умаровро тасдиқ кунад.

Рустам Умарови 41-сола соҳибкори миллионер ва мутаваллиди ноҳияи Булунгури вилояти Самарқанд мебошад. Ӯ аз авлоди тоторҳои Крим аст, ки аз тарафи ҳукумати столинӣ ба Осиёи Марказӣ бадарға шуда буданд ва баъди пошхӯрии Шӯравӣ ба ватани аҷдодиашон баргаштанд.

Умаров аз соли 2019 то 2022 вакили парлумони Укроин буд ва моҳи сентябри соли гузашта ба вазифаи раиси Фонди дороиҳои давлатии Укроин таъин шуд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *