Шаҳри Бохтар дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз иҷрои пурраи нақша хабар дод.
Ба ин муносибат 30 сентябри соли равон дар шаҳри Бохтар маъракаи тантанавии гусели наваскарон ба Артиш баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, наваскарон, волидони онҳо ва дигар масъулин ширкат карданд.
Тавре ки аз мақомоти шаҳри Бохтар ба Pressa.tj хабар доданд, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар рӯзи аввал пурра иҷро шудааст. Ҳамиин тавр, шаҳри Бохтар аз миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аввалин аст, ки нақшаро ба иҷро расонд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Бохтар даъвати баҳории ҷавонон ба Артишро ҳам дар рӯзи аввал иҷро карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube