30 сентябр дар шаҳри Минск мулоқоти Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳайатҳои ҳукуматии Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ҳамкории ҳамоҳангшудаи кишварҳои иштироккунанда ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва рушди устувор мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, дар доираи мулоқот масъалаҳои муҳими муносибатҳои бисёрҷониба ва натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ ва табодули афкор анҷом ёфт.
Дар ин мулоқот Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ иштирок дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube