Мусоҳиба бо сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Семён Вячеславович Григорев дар остонаи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Душанбе, ки моҳи октябр баргузор мегардад, ба таври хаттӣ анҷом пазируфтааст.
– Ҷаноби Сафир, сафари давлатии дарпешистодаи Владимир Путин ба Душанбе то чӣ андоза аҳамияти стратегӣ дорад? Кадом масоил аз натиҷаҳои сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар моҳи март мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт?
– Тоҷикистон яке аз шарикони наздиктарини стратегии Русия боқӣ мемонад ва ин дар шароити тағйирёбии зуди геополитикӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Сафари Президенти Русия ба Душанбе на танҳо як мулоқоти сиёсӣ, балки нишонаи баҳои баланд ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа аст. Ба ёд орем, ки ҳамин тобистон дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Тянҷин аҳамияти амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа таъкид гардид.
Сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар моҳи март пояи устувори ҳамкориро нишон дод. Мавзуҳои амният, муҳоҷират, иқтисод ва маориф дар меҳвари гуфтугӯ буданд ва онҳо имрӯз ҳам муҳим боқӣ мемонанд. Интизор меравад, ки дар моҳи октябр созишномаҳои қаблӣ такмил ёбанд ва дурнамои ҳамкориҳои нав муҳокима шавад.
Иқтисод ва сармоягузорӣ
– Ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар аз як миллиард доллар гузаштааст. Чӣ омилҳо ба ин мусоидат карданд?
– Дар шаш моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми мубодилоти молӣ беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод, ки 10,4% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, чӯб, нуриҳои минералӣ, доруворӣ ва металлҳо назаррас афзоиш ёфтанд. Ин раванд нишон медиҳад, ки имкониятҳои рушд васеъанд.
– Оид ба парки саноатии муштарак чӣ гуфта метавонед?
– Корҳо оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур тибқи Созишномаи дуҷонибаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия 17-уми марти соли 2025 ба имзо расида буд, идома дорад. Русия 500 миллион рубл саҳм мегузорад ва Тоҷикистон иқтидорҳои истеҳсолиро фароҳам месозад. Дар рӯйхати ширкатҳои хоҳони маҳаллисозӣ зиёда аз 170 корхона ҷой гирифтааст. Оғози фаъолият барои соли 2026 пешбинӣ шудааст. Ин парки саноатӣ арзиши иловашударо дар иқтисоди Тоҷикистон меафзояд, ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунад ва вобастагӣ аз воридотро коҳиш медиҳад.
Муҳоҷират ва ҳамкориҳои башардӯстона
– Қоидаҳои нави муҳоҷират ба шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ таъсир доранд?
– Мо намояндагии Хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русияро дар Душанбе фаъол сохтем, то хизматрасонии изи ангушт ва машварат дастрас бошад. Маркази муҳоҷирати Маскав низ дар пойтахт фаъолият мекунад. Ҳадаф осон кардани мутобиқшавӣ ва кумак ба шаҳрвандон дар дарёфти кор аст.
– Барномаи кӯчонидани ҳамватанон чӣ гуна ҷараён дорад?
– Таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аст. Айни замон 79 минтақаи Русия барои қабули муҳоҷирон кушодаанд. Бештар ба марказ, Урал ва Шарқи Дур кӯч мекунанд.
– Дар бахши маориф ва фарҳанг чӣ пешрафтҳо вуҷуд доранд?
– Имрӯз зиёда аз 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд. Шумораи квота ба 1000 нафар расид, ки баландтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон фаъоланд, панҷ мактаби русӣ аз соли 2022 кор мекунанд ва лоиҳаҳои нави фарҳангӣ, аз ҷумла Маркази кӯдакони лаёқатманд ва театри нави ба номи Маяковский дар дастанд.
– Вазъ дар Афғонистон ва нақши пойгоҳи 201-уми Русия чӣ гуна аст?
– Афғонистон омили асосии амният боқӣ мемонад. Мо бо Тоҷикистон ҳам дар чаҳорчӯбаи дуҷониба ва ҳам дар доираи СҲШ ҳамкорӣ мекунем. Пойгоҳи низомии 201-уми Русия яке аз сутунҳои субот дар минтақа аст ва масъалаи таҳкими иқтидорҳои он пайваста баррасӣ мешавад.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Сергей Вадимович Григорев таъкид кард, ки равобити ду кишвар дар ҳамаи самтҳо – аз амният то маориф ва фарҳанг босуръат рушд меёбанд. Сафари дарпешистодаи Президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе, ба гуфтаи ӯ, на танҳо рамзи дӯстии дерина, балки оғози марҳилаи нави шарикии стратегӣ хоҳад буд.
Ҷаҳонгири СУЛТОН,
Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube