Рубрики Хабарҳо

The Guardian аз вазъи асафбори муҳоҷирон дар Саудӣ гузориш дод

Як рӯзномаи англисӣ ба шарҳи вазъи асафбори муҳоҷироне, ки ба сурати ғайриқонунӣ ба Арабистон рафта, дар ин кишвар боздошт шудаанд, пардохтааст.

Рӯзномаи Гордиян дар гузориши худ навиштааст: авзои боздоштшудаҳо дар маркази Шамиси, воқеъ дар шоҳроҳи миёни Ҷидда ва Макка бисёр вахим аст.

Бар асоси ин гузориш, дар ин марказ, коргароне, ки ба сурати ғайриқонунӣ дар Арабистон ба сар мебаранд, нигаҳдорӣ мешаванд, то ба кишварҳои худ фиристода шаванд, аммо шароити нигаҳдории онҳо бисёр номуносиб аст.

Боздоштшудагон гуфтаанд, бо мо монанди ҳайвонот рафтор мекунанд. Рӯи замин бидуни зерандоз мехобем ва аз оби дастшуста менӯшем. Касоне, ки пул надоранд бояд оби касиф бихӯранд.

Мақомоти Саудӣ ин коргаронро, ки бидуни виза ба Арабистон сафар кардаанд, боздошт карда, ба боздоштгоҳи Шамиси мунтақил мекунанд. Шароити нигаҳдории онҳо ва наҳваи рафтор бо онҳо дар гузориши рузнома бисёр мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Гуфта шудааст, ба маҳзи онки ин афрод ба боздоштгоҳи Шамиси бурда мешаванд, гӯшиҳои телефони ҳамроҳи онҳо мусодира мешавад, то натавонанд иттилооте аз шароити зиндагияшон дар боздоштгоҳ ба берун бидиҳанд.

Густариши коронавирус ҳам як мушкили дигар бар мушкилоти сокинони ин боздоштгоҳ изофа кардааст. Шароити беҳдоштӣ дар он бисёр вахим буда, афроди мариз аз афроди солим ҷудо нигаҳдорӣ намешаванд.

Бархе аз ин афрод ба сурати рӯзона дар ҳолати гармо нигоҳ дошта мешаванд ва дилдардҳои вазнин доранд, аммо касе ба онҳо аҳамият намедиҳад.

Дар Арабистони Саудӣ афроде, ки боздошт мешаванд на муддати боздошти худро медонанд ва на иттиҳомоти задашударо. Адам Кугел, муовини мудири бахши Ховари Миёна дар Дидабони ҳуқуқи башар эълон кард, ки набуди беҳдошт ва шиканҷа дар марказҳои боздошти муҳоҷирон ғайриқонунӣ дар Арабистон бедод мекунад.

Ҳамчунин теъдоде аз ин муҳоҷирон эълон кардаанд, ки полиси Арабистон дар замони боздошт аз онҳо ришва хостааст. Теъдоде аз ин муҳоҷирон, шаҳрвандони Сомалӣ ҳастанд, ки аз тарси ҳамлаҳои террористӣ дар ин кишвар ба Арабистон рафтаанд, аммо дар шароити бисёр вахимтаре қарор доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *