Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон вобаста ба навори паҳнгардида, ки дар он модар фарзанди хурдсолашро сарзанишу дашном медиҳад, таҳқиқ кардааст.
Муайян гардид, ки зане дар навор аён аст, Бойсарова Шукрона, таваллудаш 20 майи соли 2004, истиқоматкунандаи ноҳияи Темурмалик мебошад. Сабаби ин амали номатлуб муносибатҳои носолими хонаводагӣ ва муноқишаи лафзии миёни ӯ ва шавҳараш буда, ки дар натиҷа модар фарзанди 5-моҳаи худро сарзаниш намудааст. Номбурда ин амалро ба навор гирифта, ҳамчун чораи ҷазо ба шавҳараш ирсол намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат, маводи санҷишӣ тартиб дода шудааст. Барои пешгирӣ аз такрори чунин кирдорҳо ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак, ки аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст, бо Бойсарова Шукрона суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуданд.
Раёсати ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар нигоҳубини кӯдакон ва таъмини муҳити солим барои онҳо эҳтиёткор бошанд ва аз ҳар гуна амалҳои зиддиқонунӣ парҳез намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube