Рубрики Pressa

Маҳфили «Ҳарири ноз» бахшида ба 75-солагии шоири маъруф Латофат Кенҷаева


 Дар шаҳри Душанбе  маҳфили «Ҳарири ноз» ба ифтихори 75 – солагиии Латофат Кенҷаева, Шоири халқии Тоҷикистон, адиб ва рӯзноманигори маъруф баргузор шуд.

Ин чорабинӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он шоирону нависандагон, овозхонону ҳунарпешагон, рӯзноманигорон, дӯстдорони адабиёт ва хонандагони хурдсол иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки Латофат Кенҷаева соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1967 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ДМТ) дохил шуда, шуъбаи журналистикаро бо дипломи аъло тамом кардаааст. Соли 1972 дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шуъбаи адабӣ-драмавӣ ва аз соли 1981 ба ҳайси сардабир дар маҷаллаи ҷавонону наврасон “Истиқбол” (собиқ “Машъал”) кор мекунад.

Профессор Иброҳим Усмонов дар мусоҳибае гуфтааст, ки «Латофат маҷаллаи «Машъал» («Истиқбол»)-ро аз хокистар гирифта, ба оташ табдил дод!».

Латофат Кенҷаева аз зумраи адибон ва рӯзноманигорони сермаҳсули тоҷик аст, ки то имрӯз зиёда аз 40 китоби хурду бузургаш мунташир шудааст. «Лолаарӯсак», «Марҷони ранга», «Сандуқчаи марворид», «Мусича ва Дурдона», «Қофиябозӣ», «Шеърҳо», «Дар кишвари дӯстон», «Шарораи хотираҳо», «Рози шабнам», «Наҷотбахши дунё кист?», «Нома ба бародар» ва дигар китобҳои ин адиби хушбаён дар байни хонандагон шуҳрату маҳбубияти хоса доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *