Рубрики Pressa

Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар Дӯстӣ


Ноҳияи Дӯстӣ аз иҷрои пурраи нақшаи ҷамъоварии пахта хабар дод. Ин сеюмин шаҳру ноҳия аст, ки дар вилояти Хатлон нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунад.

Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳои пахтакор буда, ҳамасола нақшаи ҷаъоварии тиллои сефебро пеш аз муҳлат иҷро мекунад.

То ҳол дар вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, Левакант ва ноҳияи Дӯстӣ нақшаи пахтаро пурра иҷро кардаанд. Ноҳияҳои Ёвон, Данғара ва Вахш ҳам ба марра наздик шуда истодаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилояти Хатлон нақша бештар аз 70 дарсад иҷро шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *