Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ки дар Боку ҷараён дорад, то ҳол 17 медал – 1 тилло, 3 нуқра ва 13 биринҷӣ ба даст оварданд.
Аввалин ва дар айни замон ягона медали тиллоро аз ин мусобиқа Беҳрӯз Умаров, муштзани 18-сола соҳиб шуд. Ӯ дар вазни 50 кило дар финал бар Азизбек Шокирҷонови ӯзбекистонӣ пирӯз шуда, аввалин қаҳрамони Бозиҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тоҷикистон гардид.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 28-уми сентябр дар Озарбойҷон оғоз гардид ва то 8-уми октябр идома мекунад. Дар ин мусобиқа 1 ҳазору 605 варзишгар аз 10 кишвар, баромад мекунанд, ки 144 варзишгар намояндаи ҳайати Тоҷикистон мебошанд.
Pressa.tj қаҳрамони бозиҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Беҳрӯз Умаров ва дигар варзишгаронро бо ғолибият табрик мегӯяд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube