Дар Қасри миллат музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин оғоз ёфт.
Президенти Тоҷикистон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амниятӣ ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат намуданд.
Владимир Путин, дар навбати худ, Тоҷикистонро ҳампаймони боэътимод номида, изҳор дошт, ки Русия чунин муносибатҳоро бо он баланд қадр мекунад.
«Бо ишора ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши молу маҳсулот ва ҳамчунин, ба натиҷаҳои интизорӣ аз музокироти имрӯза, изҳори бовар карда шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам ба нафъи мардумони ду кишвар бемайлон густариш хоҳанд ёфт»,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube