Рубрики Pressa

Ваксинагирӣ бар зидди вируси папилома дар Ҷайҳун


Дар назар аст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун духтарони аз 10 то 14 – сола бар зиди вируси папиломаи одам ваксина карда шаванд.

Додарҷон Касирзода, роҳбари Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.j гуфт, ки 8 ҳазору 300 вояи ваксина ворид карда шудааст. Ӯ мегӯяд, шумораи духтароне, ки фаро гирифта мешаванд, беш аз 9 ҳазору 220 нафар аст. То имрӯз, 6 ҳазору 993 нафар ваксина гирифтаанд.

“Барои огоҳии пурраи мардум мо бо онҳо беш аз чор суҳбату вохурӣ гузаронидем. Суҳбат маҳалла ба маҳалла, мактаб ба мактаб ва масчид ба масчид гузаронида шуд. Падару модарон аз оқибатҳои вируси папиломаи одам ва ваксинагирӣ бар зидди он пурра огоҳ шуданд. Гузаронидани ваксина ба гуруҳҳои мақсаднок муташаккилона идома дорад ва ягон мушкили дар ин самт вуҷуд надорад”,-гуфт манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *